Фарида Мансурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Фарида Мансурова
Фарида Ҳамидовна Мансурова
Санаи таваллуд:

2 май 1952(1952-05-02) (67 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе , ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Роҳбари илмӣ:

Ҳамид Мансуров

Фарида Ҳамидовна Мансурова (02.05.1952, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1998), профессор (2007). Фарзанди академик Ҳамид Мансуров

Зиндагинома[вироиш]

Фарида Ҳамидовна Мансурова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1975). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1977), корманди хурд ва калони илмии шуъбаи ҷигару ѓадуди зери меъда (1977-1984), мудири лабораторияи биохимияи клиникӣ (1984-2002), ҷонишини директор оид ба илми Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон (2002-2010), мудири лабораторияи Маркази биология ва тибби инавиатсионӣ (аз 2010) кор кардааст. Муаллифи беш аз 250 таълифоти илмист, ки ба роҳҳои табобат ва пешгирии санги талхадон бахшида шудаанд. Ковиши илмиаш оид ба масъалаҳои гуногуни гепатология ва гастроэнтерология ҷолиб аст.

Осор[вироиш]

  • Гелиотропная гепатоангиопатия (Болезнь Мирочника – Мансурова). – Д., 1995;
  • Желчнокаменная болезнь в Таджикистане. – Д., 2004;
  • Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии. – Д., 2006;
  • Перекисное окисление липидов и антиперекисная защита у больных вирусными поражениями печени. – Д., 2006;
  • Некоторые вопросы биохимии билиарного сладжа. – Д., 2006;
  • Метаболический синдром спроявлением желчнокаменной болезни. – Д., 2007.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 317.