Фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣ
Фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣ ё Фарҳангнигорӣ — як риштаи басо муҳими забоншиносии тоҷик буда, таҳлил ва баррасии он яке аз василаҳои асосии пажӯҳиш ва таҳқиқи бахши вожагони забон маҳсуб мешавад. Ҳадафи асосии чунин таҳқиқот таҳияи феҳристи мукаммали фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣ, тартиб додани маҷмӯи умумии баргаҳои хаттӣ ва компютерии вожагон ва таркибҳои дар ин фарҳангҳо сабтшуда, баррасии илмии усулҳои фарҳангнависӣ, таҳия ва нашри матни интиқодии фарҳангҳои пешин, бунёди як маркази умумии таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳо ва дар ниҳоят, дар асоси ин фарҳангҳо таҳия намудани як фарҳанги мукаммали вожагони тамоми минтақаҳои интишори забон мебошад.
Таърихи фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаққиқони забоншинос марҳилаҳои таърихи фарҳангнигории тоҷикӣ-форсиро ба таври шартӣ ба марҳилаҳои тоисломӣ ва баъдиисломӣ ҷудо менамоянд. Аз давраи тоисломии фарҳангнигории тоҷик ба ғайр аз чанд намуна, аз қабили «Фарҳанги оим-евак» (Frahang-i oim-evak), «Фарҳанги паҳлавик» (Frahang-i pahlavik) дигар осоре ба дасти мо нарасидааст, ки дар асоси онҳо оид ба сатҳи фарҳангнигорӣ дар як давраи тақрибан якунимҳазорсолаи таърихи забон ба таври муфассал қазоват намоем. Дар «Фарҳанги оим-евак», ки бо ҳуруфоти авестоӣ ва паҳлавӣ таҳия шудааст, калимаву вожаҳои авестоӣ ба забони паҳлавӣ шарҳ ёфта ва дар «Фарҳанги паҳлавик» бошад, идеограммаҳои забони форсии миёна (паҳлавӣ) тафсир шудаанд. Бояд гуфт, ки фарҳангнависӣ барои матнҳои бостонӣ, махсусан матнҳои динии зардуштӣ баъдан ҳам идома ёфта, нусхаҳои ин гуна фарҳангҳо дар марказҳои эроншиносии дунё маҳфузанд.[1]
Замони авҷу густариши фарҳангнигорӣ ба давраи навини таърихи забон, ки бо номи форсии нав ё форсии дарӣ машҳур аст, рост меояд. Тавре ки маълум аст, аз асри XI сар карда ба забони тоҷикиву форсиву дарӣ фарҳангҳои сершуморе, аз қабили «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу, «Баҳори Аҷам»-и Рой Текчанди Баҳор, «Фарҳангнома»-и Ҳусайни Вафоӣ, «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавӣ, «Бурҳони қотеъ»-и Муҳамадҳусайни Халафи Табрезӣ, «Ғиёсуллуғот»-и Муҳаммади Ғиёсуддин, «Чароғи ҳидоят»-и Алихони Орзу ва даҳҳо луғатномаҳои дигар таҳия ва тадвин шудааст.
Устод Саид Нафисӣ дар мақолаи «Фарҳангҳои форсӣ» феҳристи фарҳангҳои форсиро овардааст, ки он 202 луғат (китоб)-ро дар бар мегирад ва қисме аз онҳо то замони мо нарасидааст. Дар «Луғатномаи Деҳхудо» шумораи ин фарҳангҳо 250 китоб нишон дода шудааст.[2]
Муҳаққиқон ин давраро ба таври куллӣ ба ду марҳила — марҳилаи фарҳангнигории минтақаи Хуросон (асрҳои X—XV) ва давраи луғатсозӣ дар сарзамини Ҳиндустон (асрҳои XVI—XIX) ҷудо кардаанд.[3] Ба ин даврабандӣ бояд як марҳилаи дигар — марҳилаи фарҳангнигории замони муосир (асрҳои XX—XXI) низ илова шавад, зеро ин марҳилаест, ки дар фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ таҳаввулоти амиқе рух дод ва он имрӯз бояд аз ҷониби муҳаққиқон ба таври алоҳида мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор гирад.
Қадимтарин луғати тафсирӣ, ки то замони мо маҳфуз мондааст, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ (асри XI) мебошад. «Луғати фурс» тафсири калимаҳои нодиреро, ки дар осори шоирони Осиёи Миёна ва қисми шарқии Хуросони асри X ва ибтидои асри XI вомехӯранд, фаро мегирад. Ин калимаҳо бо намунаҳо аз ашъори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон оварда шудаанд. Дар фарҳангҳои баъдина аз осори Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон низ шоҳид оварда шудааст. Ба ин тариқ, фарҳангҳо тадриҷан ташаккулу такомул ёфта, забони тоҷикӣ- форсиро дар тамоми қаламрави интишори ин забон дар бар гирифтаанд. Метавон гуфт, ки фарҳангҳои то асри XV таълифшуда дар минтақаи Осиёи Миёна ва Хуросону Эрон идомаи мантиқии ҳамин «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ мебошанд.
Дар асри XV ва махсусан дар асри XVI баъд аз барқарории давлати темуриёни Ҳинд ва интишори забони тоҷикӣ-форсӣ дар ин сарзамин маркази илми фарҳангнигории тоҷику форс низ ба ин кишвари паҳновар интиқол ёфт. Дар асрҳои XV—XVII дар Ҳиндустон фарҳангҳои машҳуре мисли «Шарафномаи Мунярӣ»-и Иброҳим Қавоми Форуқӣ (асри XV), «Туҳфатуссаодат»-и Зиёуддини Муҳаммад (асри XVI), «Муаййидулфузало»-и Муҳаммад ибни Лоди Деҳлавӣ (1519), «Мадорулафозил»-и Файз ибни Асадулуламо (1593), «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу (1608), «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ (1652), «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавӣ (1654) ва дигарон таълиф ёфтаанд. Дар садаҳои XVIII—XIX дар минтақаҳои форсизабон фарҳангу луғатномаҳои зиёде таҳия шудаанд, ки намоёнтарину муҳимтарини онҳо «Баҳори Аҷам»-и Рой Текчанди Баҳор (1739), «Сироҷуллуғот» ва «Чароғи ҳидоят»-и Сироҷиддин Алихони Орзу (миёнаҳои асри XVIII), «Ҳафт қулзум»-и Ғозиуддин Ҳайдар (1818), «Ғиёсуллуғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин (1827), «Фарҳанги Онандроҷ»-и Муҳаммади Подшоҳ (1888) мебошанд.4[4]
Ошноии эрониён бо фарҳангу дастовардҳои илмӣ ва фарҳангу тамаддуни аврупоиён ва нуфузи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони Ғарб дар фарҳангнигории анъанавии эрониёни садаи ХХ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Вуруди ҳазорон мафҳум ва луғоту истилоҳоти нав аз забонҳои пешрафтаи дунё дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва зиндагии рӯзмарраи мардуми Эрон аз соҳибони забони форсии муосир тақозо мекард, ки барои онҳо муодиле пайдо кунанд ва ё дар луғатномаҳое онҳоро ҷамъ оварда ба мардум тақдим намоянд. Бинобар ин дар луғатсозӣ низ марҳилаи нав оғоз шуд ва чандин фарҳангномаҳои муътабар таҳия ва тадвин гардид. Аз луғатномаҳои тафсирии Эрони муосир, ки дар луғатнависии тоҷик ва хосатан дар фарҳанги ҳозир таъсири худро гузоштаанд, инҳо мебошанд:
- «Фарҳанги Нафисӣ» ва ё «Фарнудсор», таълифи Алиакбари Нафисӣ, фарҳанги тафсириест, ки солҳои 1899—1924 таълиф гардида, 158431 моддаи луғавиро дар бар мегирад, ки аз он 58879-тоаш форсӣ ва 99552-тоаш арабист.[5]бештар…
- «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо — фарҳанги бисёрҷилдаи энсиклопедӣ ва аввалин фарҳанги ҷомеест, ки калима ва истилоҳоти соҳаҳои гуногунро фаро мегирад.[6]бештар…
- «Фарҳанги Амид», таълифи Ҳасани Амид, фарҳанги тафсириест, ки зиёда аз 25 ҳазор калимаро дар бар мегирад.[7]
- «Фарҳанги форсӣ», таълифи доктор Муҳаммади Муин луғати тафсирӣ мебошад, ки солҳои 1963—1973 дар 6 ҷилд ба табъ расидааст.[8] бештар…
- Вале пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангии солҳои охир зарурати таҳия ва тадвини як фарҳанги ҷомеи забони форсӣ мутобиқ ба ниёзмандиҳои рӯзро ба миён овард. Аз ин рӯ «Интишороти сухан» кори таълиф ва чопи як фарҳанги муътабареро бо номи «Фарҳанги бузурги сухан» оғоз намуд ва тайи солҳои 1995—2003 он дар 8 ҷилд аз чоп баромад.[9]бештар…
Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ нисбат ба луғатҳои дузабонаи русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ таърих ва умри кӯтоҳтаре доранд. Тавре ки медонем, нахустин кӯшиш барои сохтани чунин фарҳанг ҳанӯз солҳои 30-юм аз ҷониби устод С. Айнӣ оғоз гардида буд. Ӯ соли 1938 нусхаи дастнависи фарҳангро барои таҳрир ба академик Е. Э. Бертелс фиристода буд. Бо сабабҳои гуногун ва шояд ба сабаби оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ нусхаи он, ки барои чоп ба Нашриёти Давлатии Тоҷикистон фиристода шуда буд, аз байн рафтааст. Нусхаи дуюми ба ҳуруфоти лотинӣ баргардоншудаи он соли 1944 аз ҷониби Абдусалом Деҳотӣ ва Я. Калонтаров ошкор гардид. Ин фарҳанг бо такмилу иловаҳо аз осори устод аз тарафи Ҳ. Рауфзода ва Р. Ҳошим мутобиқи усулҳои вожашиносии нав таҳия гардида, соли 1976 ба сурати ҷилди алоҳидаи Куллиёт, ба муносибати 100-солагии устод С. Айнӣ ба чоп расид. Фарҳанги мазкур «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» ном дошта, беш аз 11000 вожаро фаро мегирад. «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» — фарҳанги луғати тоҷикӣ бо фарогирии тақрибан 80 ҳазор калимаву ибора ба мураттаб ва нашр аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон иборат аз 2 ҷилд ба вуҷуд оварда шудааст. Китоби номбурда соли 2010 нашр шудааст.[10]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муфассал ниг: Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -Москва, 1981, -С. 14-15, 235—236; Энсиклопедияи советии тоҷик, -Душанбе, 1987, ҷилди 7. — С. 537—538; Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна, Душанбе, 2001, — С. 62-68; Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик, -Душанбе, 2007, ҷ. 1, — С.191; Баевский И. С. Описание таджикско-персидских рукописей Института народов Азии. — Вып. 4. — Москва, 1962, — С. 51-52.
- ↑ Ниг: «Бурҳони қотеъ», нашри Муҳаммади Муин, чопи I, ҷ. I. — Теҳрон, 1330 ҳиҷрии шамсӣ, муқаддима. — С. 71-77; Назарзода С. Забон ва истилоҳот (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот). -Душанбе, 2003, — С. 78.
- ↑ Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. -Душанбе, 2007, ҷ. 1, -С. 191.
- ↑ Ниг. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асрҳои X то ибтидои асри XX), иборат аз 2 ҷилд. — Москва, 1969, ҷ. 1. Сарсухан, — С. 5-7; Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. -Душанбе, 2007, ҷ. 1. — С. 191; Капранов В. А. Таджикско-персидская лексикография в Индии XVI—XIX вв. — Душанбе, 1987. — С. 5.
- ↑ Алиакбари Нафисӣ, Фарҳанги Нафисӣ, дар панҷ ҷилд. — Теҳрон, 1964; Энсиклопедияи советии тоҷик, — Душанбе, 1983, ҷилди 7. — С. 537.
- ↑ Алиакбари Деҳхудо, Луғатнома, дар 17 ҷилд. — Теҳрон, 1373//1995; Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе, 1983, ҷилди 4. — С. 72.
- ↑ Ҳасани Амид, Фарҳанги Амид, дар ду ҷилд, чопи шашум, Теҳрон, 1351//1973; Энсиклопедияи советии тоҷик.- Душанбе, 1983, ҷилди 7. — С.536.
- ↑ Муҳаммади Муин, Фарҳанги форсӣ, дар шаш ҷилд. -Теҳрон, 1963—1973; Энсиклопедияи советии тоҷик, Душанбе, 1983, ҷилди 7. — С. 538.
- ↑ Ҳасани Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, дар 8 ҷилд. -Теҳрон, 1995—2003
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А — Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. — Душанбе 2010, — c. 4-8 ISBN 978-99947-69-39-1
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ Бойгонӣ шудааст 5 май 2016 сол.