Фаттоҳ Маҷидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Фаттоҳ Маҷидов
Фаттоҳ Ҳафизович Маҷидов
Таърихи таваллуд: 1931(1931)
Зодгоҳ: Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: ветеринарӣ
Ҷойҳои кор: Академияи илмҳои Тоҷикистон Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур)
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Самарқанд

Фаттоҳ Ҳафизович Маҷидов (1931, Самарқанд) — доктори илмҳои ветеринарӣ (1972), профессор (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1953 Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм намуда, дар аспирантураи он хондааст, ҳамчун муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи зооветеринарӣ кор кардааст. Соли 1964 дар ҳайати Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) факултаи ветеринарӣ таъсис ёфт ва номрафта аввалин декани он тайин гардид. Қариб даҳ сол дар вазифаи декани факултаи ветеринарии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) кор карда, барои пешбурди илми байтории тоҷик талоши фаровон ба харҷ додааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Возрастные изменения вен и их клапанов в области плюспы ӯ гиссарских овец. — Д., 1964;
  • К вопросу возрастных изменений вен метаподий ӯ овец гиссарской породы. — Д., 1973.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 331.