Фердинанд Вюстенфелд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Фердинанд Вюстенфелд
Heinrich Ferdinand Wüstenfeld.jpg
Санаи таваллуд:

31 июл 1808(1808-07-31)[1]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

8 феврал 1899(1899-02-08)[1] (90 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Ҷойҳои кор:
Commons-logo.svg Фердинанд Вюстенфелд дар Викианбор

Ҳенрих Фердинанд Вюстенфелд (олмонӣ: Heinrich Ferdinand Wüstenfeld, 31 июли 1808 — 8 феврали 1899) — шарқшиноси (ориенталист) олмонӣ, ҳамчун таърихшиноси адабии адабиёти арабӣ маъруф буд, дар шаҳраки Мюндени шаҳри Ҳановер таваллуд шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Дар донишгоҳи Гёттинген ва Берлин забонҳои арабӣ, ибрӣ, суриёнӣ, форсӣ ва санскритро омӯхт. Пас аз хатми таҳсил дипломи докториро дар Донишгоҳи Гёттинген гирифт (1831). Фаъолияти илмию эҷодии Фердинанд Вюстенфелд дар Донишгоҳи Гёттинген ҷараён дошт. Дар китобхонаи Донишгоҳи Гёттинген кор мекард, дар айни замон аз забонҳои сомӣ, мас., забон ва адабиёти арабӣ дарс мегуфт. Беш аз 200 дастнависи китобҳои арабиро веросторӣ карда, ба табъ расонидааст, ки «Табақоту-л-ҳифоз»-и Заҳабӣ, «Вафёту-л-аъён»-и Ибни Халликон, «Муъҷаму-л-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Аҷоибу-л-булдон ва аҷоибу-л-махлуқот»-и Қазвинӣ, «Сираи Ибни Ҳишом» намунае аз онҳоянд. Ба қалами Фердинанд Вюстенфелд инчунин асарҳои «Татбиқи солҳои милодӣ ва ҳиҷрии қамарӣ», «Ҷадовили ансоби қабоил ва хонадонҳои араб» ва ғ. тааллуқ доранд. Фердинанд Вюстенфелд бар асари пуркорӣ, хониши дастнависҳо, нусхабардориҳо дар охири умр нобино шуд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.

Адабиёт[вироиш]

  • دانشنا مۀ دانش گستر. جلد 17، تهران، 1389 هـ. ش

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]