Jump to content

Китоби сурх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Феҳристи сурх)
Рӯнамои Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯнамои Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри дуюм)
Сиёҳгӯш. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. 415

Китоби сурх — санаде илмию байнулмилалист, ки дар мавриди гиёҳону ҷонварон муҳофизатталаб маълумоти ниҳоят муҳим дорад. Онро комиссияи доимии нигаҳдории ҳайвоноти камшумору нодири Иттифоқи байналмилалии муҳофизати табиат ва захираҳои табиӣ тайёр кардааст. Ба Иттифоқи баӣналмилалӣ олимони намоёни тамоми кишварҳои дунё дохил шудаанд ва вазифаи асосии онҳо ёфтани роҳҳои гуногуни ҳифзи набототу ҳаӣвоноти камшумору нодир аст.

Аз миёнаи солҳои 40-50-уми асри ХХ шумораи зиёди намудҳои олами набототу ҳаӣвонот бо таъсири фаъолияти инсон, дар натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои табиат, аз ҷумла, захираҳои органикӣ ру ба таназзул овардаанд ва қисми зиёдашон аз байн рафта, камёфту нодир шудаанд. Бо мақсади пешгирии ин ҷараён дар тамоми олам соли 1948 Ташкилоти «Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он» таъсис ёфт. Ин ташкилот баъди таҳлили маълумоти гуногун оид ба намудҳои камшаванда, камёб ва нодир дар тамоми қитъаҳои олам ба хулоса омад, ки бо қабули ҳуҷҷати муҳими давлатию илмӣ пеши роҳи ин раванд гирифта шавад. Чунин ҳуҷҷат «Китоби Сурх» аст, ки дар он оид ба наботот ва ҳаӣвоноти муҳофизатшаванда маълумоти пурқимат гирд оварда шудааст. Ин буд, ки баъди панҷ сол Иттифоқи байналмилалии муҳофизати табиат ва захираҳои табиӣ «Китоби Сурхи далелҳо» таҳия намуд. Дар яқ вақт кори дигар — «Руихати сиёҳ»-и организмҳои набототу ҳайвоноте, ки аз соли 1900-ум инҷониб дар саӣёра нест шудаанд, тартиб дода шуд. Ба ин руйхат 65 намуд бо 55 зернамуди ширхурҳо ва 2 намуди паррандаҳо ворид шуданд. Ҳоло «Китоби Сурх»-и сайёра, Аврупо ва ҳар як кишвар вуҷуд дорад. Дар Иттиҳоди Шуравӣ «Китоби Сурх» нахустин маротиба соли 1972 нашр гардид.

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин китоб соли 1988 ба забони русӣ ба табъ расид

  • Красная книга Таджикской ССР : Редкие и находящиеся под угрозой исчезновения виды животных и растений / А. И. Соков. — Душанбе : Дониш, 1988. — 336 с.

Соли 2000 «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон ба забони давлатӣ аз чоп баромад, ки дар он 226 намуди рустанӣ ва 162 намуди ҳайвон ҷой дода шудааст. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд рустаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд дохил карда шудааст.

  • Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами ноботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.

Ба «Китоби Сурх» намудҳои рустаниҳо ва ҳайвонҳо аз руи самтҳои муаӣян дохил мешаванд:

  1. Намудҳое, ки аз нестӣ нигоҳ доштани онҳо бе чораҷуиҳои махсус ғайриимкон аст;
  2. Намудҳое, ки камшуморанд ё дар маҳалҳои маҳдуд ба нестӣ расиданашон мумкин аст;
  3. Намудҳое, ки шумораи онҳо бо суръати баланд нест мешаванд;
  4. Намудҳои номуайяни камшуморе, ки аз сабаби набудани маълумоти кофӣ ҳолати фардии онҳоро аниқ кардан мушкил аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. М. Дарвозиев, И. Сафаров. Эқология. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 9, мактабҳои таҳсилоти умумӣ. — Душанбе, 2006. — С. 150—151