Jump to content

Филип Уоррен Андерсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Филип Уоррен Андерсон
англ. Philip Warren Anderson
Таърихи таваллуд 13 декабр 1923(1923-12-13)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 март 2020(2020-03-29)[4][5][6] (96 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ John Hasbrouck Van Vleck[d]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ princeton.edu/prism/peop…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фи́лип Уо́ррен А́ндерсон (англ. Philip Warren Anderson; тав. 13 декабри 1923, Индианаполис, иёлати Индиана, ИМА) — физикдони амрикоӣ. Барандаи Ҷоизиаи Нобел дар бахши физик (1977). Дар соҳаи физикаи назариявӣ таҳқиқот мебарад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Гарвардро хатм кардааст (1953). Солҳои 1967 — 75 профессор физикаи назариявии Донишгоҳи Кембриҷ буд. Аз соли 1984 то кунун профессор Донишгоҳи Принстон. Тадқиқоташ асосан ба фавқунноқилият, фавқулҷоришавӣ, хусусиятҳои магнитии ҷисмҳои сахт ва химияи квантӣ бахшида шудаанд. Тадқиқоти Андерсон роҷеъ ба ноқилияти маводи аморфӣ асоси назариявии бунёди сохторҳои магнитӣ ва номураттабии системаҳо, аз ҷумла нимноқилҳои аморфиро ташкил дод. Солҳои 1949 — 84 дар лабораторияи ширкати Белл дар Нию-Ҷерсӣ оид ба масъалаҳои физикаи муҳитҳои конденсатсияшуда кор кардааст. Андерсон барои таҳқиқот оид ба сохтори электронии магнитӣ ва сохторҳои номураттаб, ки боиси инкишофи калидҳои электронӣ ва афзори ҳофизаи компютерҳо гардид, сазовори Ҷоизаи Нобел (1977, якҷоя бо Н. Мотт ва Ҷ. Х. Ван Флек) гаштааст.