Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ
Шукрулло Қурбоналӣ Хайрзода
Зодгоҳ: ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: иқтисод
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шукрулло Қурбоналӣ Хайрзоданомзади илмҳои иқтисодӣ (1991), дотсент. Ректори ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (аз с.2018).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Шукрулло Хайрзода зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон. Соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро аз рӯи ихтисоси менеҷмент бо дипломи аълочӣ хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ оғоз намудааст. То соли 2012 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дошт. 22 майи соли 2012 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Солҳои 2012-2014 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишкада фаъолият намудааст. Аз 19 ноябри соли 2015 муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2018 №9 Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин гардид.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дифои рисолаҳои илмӣ:

  • Рисолаи номзадӣ:«Эволюция исламских банков и их роль в становлении рыночных отношений в Республике Таджикистан». (2012)

Муаллифи беш аз 20 асарҳои илмию методӣ аст.

Осор[вироиш]

китобҳо[вироиш]

  • - Пул Қарз Бонк. Ҳаммуаллиф Душанбе 2010.
  • - Эволюция исламских банков и их роль в становлении рыночных отношений в Республике Таджикистан. - Душанбе: , 2014. – 154с.(Монография)
  • - Дастури методӣ оид ба навиштани корҳои хатмкунӣ Душанбе – 2013, 36 с.
  • - Низоми бонкии мамлакатҳои хориҷӣ (Васоити таълимӣ). - Душанбе: 2015. – 176с.

мақолаҳои илмӣ:[вироиш]

  • - Банковский менеджмент и его принципы формирования в коммерческих банках // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана, 2007, № 9, стр. 27-35;
  • - Маркетинг дар низоми бонкӣ// Маҷмуаи осори илмии ДИТ. – Душанбе,, 2008 №10 саҳ 43-46;
  • - Иностранные инвестиций; проблема и перспективы // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана, 2009, № 11, стр.98-101;
  • - Масъалаҳои устувории фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ// Маҷмуаи осори илмии ДИТ. – Душанбе,, 2010 №12 саҳ 368-270;
  • - Основные предпосылки организации и ведения исламского банковского дело // Вестник ТНУ (Научный журнал), 2011, 10 (74), стр. 134-139;
  • - Исламские банки и их особенности //Вестник ТНУ (Научный журнал), 2011, 12 (76), стр. 180-185;
  • - Кредитная политика исламских банков // Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана, 2011, № 13, стр.159-163;
  • - Исторические условия и предпосылки возникновения исламских банков. //Вестник Таджикского финансового института, №4 2011, стр.191-193.;
  • - Финансово-экономическая деятельность исламских банков// Вестник ТНУ (Научный журнал), 2012, 2 (78), стр. 103-109;
  • - Действия исламских банков в кризисных условиях //Сборник научных трудов Института экономики Таджикистана, 2012, № 14, стр.251-256;
  • - Низоми бонкии ИМА ва сохтари идоракунии он// Маҷмуаи осори илмии ДМИТ – Душанбе – 2013;
  • - Нархи хизматрасониҳои бонки ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт// Маҷмуаи осори илмии ДМИТ – Душанбе – 2014;
  • - Таърихи пайдоиши бонкҳои исломи ва рушди онҳо дар шароити имруза// Маҷалаи Бонкдорӣ Душанбе 2014;
  • - Қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт. //Маҷмуаи осори илмии ДМИТ – Душанбе – 2015.[2]

Ҷоизаҳо[вироиш]

Соли 2015 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ректор, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ(тоҷ.). www.tgfeu.tj. 12 июни 2020 санҷида шуд.
  2. Ректор, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ(тоҷ.). www.tnu.tj. 12 июни 2020 санҷида шуд.