Шукрулло Хайрзода
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ | |
Таърихи таваллуд | 27 январ 1983 (41 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор |
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ |
Ҷоизаҳо |
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2011) Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2015) |
Шукрулло Қурбоналӣ Хайрзода (Хайров Шукрулло Курбоналиевич; 27 январи 1983, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2012). Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шукрулло Хайрзода 27 январи соли 1983 дар деҳаи 30-солагиии ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст[1]. Соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро аз рӯи ихтисоси менеҷмент бо дипломи аълочӣ хатм намуд. Фаъолияти кориашро аз соли 2006 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ оғоз намудааст. То соли 2012 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дошт. 22 майи соли 2012 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Солҳои 2012—2014 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2014—2015 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2015—2018 муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018—2022 ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 21 феврали соли 2022 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст[2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Рисолаи номзадашро зери унвони «Эволюция исламских банков и их роль в становлении рыночных отношений в Республике Таджикистан» дар соли 2012 дифоъ кардааст. Муаллифи беш аз 20 асарҳои илмию методӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пул, Қарз, Бонк. Ҳаммуаллиф, Душанбе 2010.
- Эволюция исламских банков и их роль в становлении рыночных отношений в Республике Таджикистан. — Душанбе, 2014. — 154 с.(Монография)
- Дастури методӣ оид ба навиштани корҳои хатмкунӣ Душанбе — 2013, 36 с.
- Низоми бонкии мамлакатҳои хориҷӣ (Васоити таълимӣ). — Душанбе: 2015. — 176 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011),
- Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони чавон дар соҳаи иқтисод, (2015).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Роҳбарияти донишкада | Бо тоҷикӣ. tgfeu.tj. 16 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хайрзода Ш. Қ.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- Зодагони 27 январ
- Зодагони соли 1983
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Фархор
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон