Jump to content

Хайрӣ Назарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хайрӣ Назарова
Таърихи таваллуд: 2 июл 1929(1929-07-02)
Зодгоҳ: Хуҷанд
Таърихи даргузашт 10 май 2020(2020-05-10) (90 сол)
Маҳалли марг: Душанбе
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша

Хайрӣ Назарова (2 июли 1929, Хуҷанд — 10 майи 2020, Душанбе, Тоҷикистон[1]) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), ки аз ӯ ба унвони «Ҷулеттаи тоҷик» ҳам ном мебаранд[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайрӣ Назарова 2 июли соли 1923 (тибқи баъзе маълумот 13 октябри соли 1923) дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи косиб ба дунё омадааст. Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Хайрӣ Назарова солҳои 1963—1967 ба ҳайси вакили халқ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият намудааст.

Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Корделия дар «Шоҳ Лир», Дездемона «Отелло»-и У. Шекспир мебошад. Ҳамчунин нақшҳои дигари ӯ Савсан («Номус»-и А. Шервонзода (1953), Ширин («Афсонаи ишқ»-и Н. Ҳикмат, (1954), Қумрӣ («Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Мароз (1955), Ҷамила («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (1957), "Адолат, Ҳанифа «Имтиҳон» (1958), «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ (1968), Нигина «Рўдакӣ»-и С.Улуғзода (1963), Маша «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1960), Маҳзода «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода (1963), Манижа «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968), Архонта «Муборизон»-и С. Крас (1976), Зебуннисо («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ (1977), Азиза «Интизорӣ»-и М. Ҳакимова (1958), Гертруда («Ҳамлет»-и У. Шекспир), Соттӣ («Исёни арўсон»-и С. Аҳмадов (1960), Шамсия («Баҳои умр»-и С. Сафаров (1963) ва ғайра мебошанд.

Дар баъзе филмҳои тавлиди «Тоҷикфилм» аз қабили «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Вазифаи олӣ» (1958), «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1964) симои қаҳрамононро дилнишин офаридааст.

Ҳамчунин ӯ дар дубляжи беш аз 500 филм иштирок кардааст.

Хайрӣ Назарова 10 майи 2020 дар синни 90-солагӣ даргузашт, ки вақтҳои ахир аз бемории дил ранҷ мебурддаргузашт[2][3].