Хосият Бобоева
Бобоева Хосият Қосимовна | |
Таърихи таваллуд | 5 декабр 1923 (100 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо |
Бобоева Хосият Қосимовна (тав. 5 декабри 1923, Хуҷанд) — муаррих, доктори илмҳои фалсафа (1975), профессор (1974), Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон, Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1942). Корманди ҳизбӣ (1942—1946), директор ва муаллимаи калони кафедраи асосҳои марксизм-ленинизми Институти омӯзгории занонаи шаҳри Ленинобод (1946—1950), аспиранти Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1947—1951), директори Институти занонаи омӯзгории Ленинобод (1951—1954), котиби кумитаи ҲК вил. Ленинобод (1954—1956), мудири кафедраи марксизм-ленинизми Институти давлатии педагогии Душанбе (1956—1957), мудири кафедраи таърихи ҲКИШ УДТ (1957—1959), мудири кафедраи таърихи ҲКИШ ва профессори кафедраи таърих ва фарҳанги халқи тоҷики Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1959—1995). Аз соли 1996 нафақагир.
Фаъолияти илмӣ ва сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 40 мақола ва таълифоти илмӣ. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, (ду даъват) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони фахрӣ», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, 4 медал сарфароз гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Союз рабочего класса и крестьянства Таджикистана в период построения социализма. Д., 1974;
- Охрана здоровья народа – составная часть социальной программы компартии. Д., 1984.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоева Хосият // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 5 декабр
- Зодагони соли 1923
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Докторони улуми таърих
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино