Jump to content

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”деҳаи Галашаҳид ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ноҳияи Турсунзода воқеъ аст.

Таърихи хоҷагии деҳқонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров(Ҳоҷи Камол) дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст. Хоҷагӣ зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад.

Парвариши намудҳои ангур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбарияти хоҷагӣ айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ парвариш карда мешавад. Дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар” “Бедона” ва ғайра, ки навъҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира карда мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира карда шудааст. Шумораи сардхонаҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 78 адад расида, ғунҷоиши онҳо бештар аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, аз он 11 ҳазор тонна содир ба хориҷи кишвар шудааст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. www.president.tj. Боздид аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дар шаҳри Турсунзода(тоҷ.) (17 октябри 2024). 18 октябри 2024 санҷида шуд.