Худоёр Худоёрзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Худоёр Худоёрзода
23 январи 2017 — 31 августи 2020
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Шералӣ Ганҷалзода
Ҷонишин Азим Иброҳим

Таваллуд 25 ноябр 1956(1956-11-25) (67 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Худоёр Худоёров
Таҳсилот Институти политехникии Тоҷикистон (1982)

Худоёр Худоёрзода (Худоёрзода Худоёр Завқибек; 15 сентябри 1958, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2017 то 2020).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Худоёр Худоёрзода 15 сентябри соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи хидматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1976 ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1982 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси «Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти худрав» хатм намудааст[1].

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Қасди худкушӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Худоёр Худоёрзода 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 дар заминаи муноқишаи оилавии бавуҷудомада дар хонаи иқоматии худ воқеъ дар шаҳри Душанбе бо истифода аз корди хоҷагӣ даст ба худкушӣ задааст. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамсари Худоёр Худоёрзода. — А. Қаландарова, писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Суфишоева ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ кумаки аввалиндараҷа расониданд[2].

Худоёр Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шудааст[2].

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро аз соли 1982 ба ҳайси муҳандис-иқтисодчии муассисаи шабакаҳои электрикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намудааст. Соли 1983 ба муассисаи нақлиёти автомобилии № 50 шаҳри Хоруғ ба ҳайси иқтисодчӣ ва иқтисодчии калон, солҳои 1984—1987 сардори автоколлонаи № 1-и Муассисаи нақлиёти автомобилии № 50, шаҳри Хоруғ, солҳои 1987—1990 сардори шуъбаи банақшагирии Муассисаи нақлиёти автомобилии № 50 шаҳри Хоруғ, солҳои 1990—1993 сардори шуъбаи истифодабарии Муассисаи нақлиёти автомобилии № 50 шаҳри Хоруғ, солҳои 1993−2000 директори Муассисаи нақлиёти автомобилии № 50 шаҳри Хоруғ, солҳои 2000−2003 Директори генералии ҶС «Помир-нақлиёт», шаҳри Хоруғ, аз 5 октябри соли 2003 Муовини аввали сардори Идораи нақлиёти Помир, Директори генералии ҶС Муассисаи нақлиётии автомобилии № 50, шаҳри Хоруғ, солҳои 2003 −2005 сардори Идораи нақлиёти Помир, шаҳри Хоруғ. Аз соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Солҳои 2006—2011 муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011—2013 муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013—2017 Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон[1].

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст, ки 31 августи 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуда ба нафақа баромадааст[3].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1999 бо медали Хидмати шоиста, соли 2002 бо медали МЧС Россия, соли 2011 бо медали ҷашни 20-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]