Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Emblem of Tajikistan.svg
Иттилооти умумӣ
Санаи таъсис

28 феврали 2011

Мақомоти пешина

Вазорати сохтмону истифодаи роҳҳои атомобилгарди РСС Тоҷикистон
Консерни давлатии “Роҳ”-и Тоҷикистон
Вазорати сохтмону истифодаи роҳҳои автомобилгард
Вазорати оид ба кори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудирияти фаъолиятҳо амал мекунад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қароргоҳ

ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14, 734042

Шумораи кормандон

13000

Вазир

Худоёрзода Худоёр Завқибек

Муовини якуми вазир

Мирзоев Суҳроб Бегматович

Муовини вазир

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон

Муовини вазир

Вализода Рустам Файз

Сайт

mintrans.tj

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн —мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт мебошад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом мерасонад. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии вазорат, ин таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо мебошад, ки он барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба интиқол ва хизматрасониҳои нақлиётӣ равона гардидааст.[1]

Таърих[вироиш]

Аввалин рӯйдодҳои таърихии ин зерсоҳаҳо аз солҳои баъди инқилоби Октябри рус, яъне ибтидо аз асри ХХ дар кишвари мо зуҳур намуда, солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома ёфт ва то ба имрӯз ин соҳаи доманадор ба сифати як рукни иқтисодӣ ва идораи давлатӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин соҳаҳо тӯли солҳои муайян ва шароиту вазъи сиёсиву иҷтимоӣ шахсони зерини кордону сарсупурдаи халқу Ватан роҳбарӣ кардаанд, ки имрӯз номи эшон ба шарофати меҳнату ободкориҳои мондагорашон ҳамеша ба некӣ ёд мешавад: Наримон Якубов, Абдуҳаким Ҳалимов, Нарзӣ Қодиров, Фаридун Муҳитдинов, Абдуҷалол Салимов, Абдураҳим Ашӯр, Олимҷон Бобоев, Низом Ҳакимов, Хайрулло Асозода ва Шералӣ Ганҷалзода. Бояд гуфт, ки зерсоҳаҳои вазорат то солҳои баъди истиқлоли кишвар ҳар яке дар алоҳидагӣ фаъолияти худро ба роҳ мемонд. Соли 1994 Вазорати сохтмону истифодаи роҳҳои автомобилгард, Вазорати нақлиёти автомобилӣ, Ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷикистон”, Раёсати роҳи оҳани Тоҷикистон муттаҳид ва мансуби як вазорат – Вазорати оид ба кори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шуда, Муҳитдинов Фаридун моҳи феврали соли 1994 Вазири оид ба кори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Оғоз аз соли 1991 то ба имрӯз дар натиҷаи таҷдиди сохтор борҳо ивазшавии номи вазорат ба амал омад. Соли 1991 Вазорати сохтмону истифодаи роҳҳои атомобилгарди РСС Тоҷикистон ба Консерни давлатии “Роҳ”-и Тоҷикистон табдил ёфта, аз соли 1993 то соли 1994 боз бо номи қаблӣ, яъне Вазорати сохтмону истифодаи роҳҳои автомобилгард арзи ҳастӣ кард. Сипас тӯли моҳҳои феврал-декабри соли 1994 вазорат бо номи Вазорати оид ба кори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд. Тавре ки дар боло гуфтем, маҳз дар соли 1994 Вазорати нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар алоҳидагӣ фаъолият мекард, шомили ин вазорат гашт.

Таъсис[вироиш]

Аз соли 1994 то соли 2000 Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2006 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9 аз 30 ноябри соли 2006 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд (дар натиҷаи ҳамроҳшавии собиқ Вазорати нақлиёти ҶТ, Вазорати алоқаи ҶТ, Департаменти авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ). Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1026 аз 28 феврали соли 2011 Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ гардида, соҳаи алоқа аз соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ ҷудо карда шуд.

Сохтори дастгоҳи марказӣ[вироиш]

  • Роҳбарият
  • Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ
  • Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо
  • Раёсати авиатсияи гражданӣ
  • Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ
  • Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
  • Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ
  • Раёсати корҳо
  • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
  • Бахши аудити дохилӣ
  • Бахши ҳуқуқ[6]

Нақшаи идоракунӣ[вироиш]

  • Дастгоҳи марказӣ
  • Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат[вироиш]

  1. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор”
  2. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт”
  3. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд”
  4. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа”
  5. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб”
  6. Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ”
  7. Муассисаи давлатии “Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода”
  8. Муассисаи давлатии “Тоҷиктрансстрой”
  9. Муассисаи давлатии “Рӯзномаи “Нақлиёт”
  10. Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”
  11. Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”
  12. Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ”
  13. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”
  14. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”
  15. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
  16. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”
  17. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа”
  18. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Роҳбарият[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • mintrans.tj/tg — сайти расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон