Jump to content

Азим Иброҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Иброҳим
парчам
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи 2020
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Худоёр Худоёрзода

Таваллуд 1 март 1962(1962-03-01)[1] (63 сол)
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Азим Иброҳим (зод. 1 март 1962[1], Меҳнатобод, ноҳияи Ҳамадонӣ) — давлатмарди тоҷик, номзади илмҳои техникӣ (1991), академики Академияи байналмилалии захираҳои минералӣ (2010), академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010). Муовини сарвазири Тоҷикистон (2013—2020), Вазири нақлиёти Тоҷикистон (аз 2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985—1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошканд фаъолият намудааст. Солҳои 1992—1994 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, солҳои 1994—1995 муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995—2002 муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас муовини вазири саноати Тоҷикистон, солҳои 2004—2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, солҳои 2005—2013 сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2013—2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Пажӯҳишу ихтироъот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Иброҳим муаллифи рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ ва 5 ихтироъ аст. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ: маркшейдерӣ, геодинамика, геотехника, сейсмотектоника, геомеханика. Ихтироот: тиргаки гумбазшакл, ки дар шароити фаъоли сейсмотектоникӣ истифода мешавад (Шаҳодатномаи ихтироъкори ИҶШС; 1987—1988); истеҳсоли гилхоки алюминий аз маъдани ставролит; ҳосил кардани гилхок ва консентрати криолит аз тахтасангҳои мусковитӣ (Феҳрасти давлатии ихтироъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; нахустпатенти № TJ 65 аз 9.4.2015).

Узви ИЖ Тоҷикистон (1998), узви ИЖ Федератсияи Руссия (2003), узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон (2004), узви ҳайати мушовараи маҷ. «Горный журнал» (ш. Маскав).

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон (2000, 2001);
  • Ордени Шараф дараҷаи II (2001);
  • Медали «10-солагии Горди миллӣ» (2004);
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2005);
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010)[2];
  • Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ (2010, 2017);
  • Медали «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон» (2017).
  • Минералогическая часть трактата Ибн Сины «Опилки природы» («Курозаи табииёт»). Д., 2005;
  • Саноати косибию ҳунармандӣ ва кӯҳӣ дар Бухорои Шарқӣ (охири асри 19 ва аввали асри 20). Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
  • Зерафшанский горнопромышленный регион Таджикистана: геология и минеральные ресурсы. М., 2012 (ҳаммуаллиф);
  • Золото Таджикистана: геология и ресурсный потенциал. М., 2015 (ҳаммуаллиф).
  1. 1.0 1.1 https://www.oecd.org/eurasia-week/whos-who/Azim-Ibrohim-CV.pdf
  2. Азим Иброҳим(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.
  • Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни 21. Д., 2018.