Jump to content

Хурсандмурод Зарифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хурсандмурод Зарифов
Хурсандмурод Зарифов
Таърихи таваллуд 1961(1961)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Пеша(ҳо) сароянда

Хурсандмурод Зарифов — сароянда-таронасаро, Ҳунарманди шоистаи ҶТ (1996), барандаи озмунҳои ҷумҳуриявии шашмақомхонони ҷавони ҶТ (1989), бародари овозхони тоҷик Қобил Зарифов

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурсандмурод Зарифов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии ноҳияиАйнӣ (1978), факултаи мусиқӣ ва иҷрокунандагии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (шуъбаи мусиқии Шарқ, таҳти сарварии Артисткаи халқии ҶШС Тоҷикистон Б.Исҳоқова,1984). Хурсандмурод Зарифов баъди хатми донишкадаи мазкур фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар дастаи «Зарафшон» (таҳти раҳнамоии Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов) Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев оғоз намуда, то имрӯз дар дар ин боргоҳи ҳунар ба фаъолият машғул аст. Маҳорати иҷроияшро Хурсандмурод Зарифов таҳти раҳнамоии устодаш Ҷ. Муродов сайқал дода, дар иҷрои таронаҳо аз шохаҳои овозии мақомҳо»Муғулчаи Дугоҳ», «Сарахбори Ороми ҷон», «Уфари Ороми ҷон», «Чапандози Гулёр», «Сарахбори Наво» (бо таронаҳояш), «Талқинчаи Савти калон»(ба тариқи силсила), «Ироқи Бухоро», «Нимчӯпонӣ» ва ғ.ро бо маҳорати хоси иҷроӣ ба субут расонидааст.Зимни ин Хурсандмурод Зарифов дар иҷрои таснифоти оҳангсозони тоҷик ҳам салиқаи хуби иҷроӣ ба харҷ дода, иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд 1983, 1987, Хива, 1980, Душанбе, 1990), фестивали байналмилалии мусиқӣ (Душанбе, 2002), рӯзҳои фарҳанги ш.Душанбе дар Маскав (1996), Ӯзбекистон (Тошканд, 1998) ва озмуни мақомхонон (Тошканд,1988) ва ғ. аст. Хурсандмурод Зарифов дар ҳайати ҳунармандони тоҷик ба мамолики Олмон (1983), Яман (1990), Афғонистон (2006) ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ намуда, барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ дар тарғиби мероси мусиқии тоҷик бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги ҶТ (2001,2004) мушарраф шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 75 ISBN 978-99947-49-13-3