Хуршед Нӯъмонов
Хуршед Эшонқулович Нӯъмонов | |
| |
Таърихи таваллуд | 6 март 1952 (72 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Русия Русия |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | ВКД Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Русия, Академияи ВКД Федератсияи Русия ш. Москва |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1974), Мактаби олии милитсияи Тошканд (1991) |
Ҷоизаҳо | орденҳои «Ситораи Сурх», «Шуҷоат», «Барои хидмат дар роҳи ватан», медалҳои «Барои диловарӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» (ФР), «Сарбози интернатсионалист» ва |
Хуршед Эшонқулович Нӯъмонов – олим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор (2012), генерал-майори милитсия. «Аълочии милитсия» (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хуршед Эшонқулович Нӯъмонов 6 марти соли 1952 дар Душанбе дар оилаи академик Эшонхон Нӯъмонов ба дунё омадааст. Факултети химияи = УДТ ба номи В.И.Ленин (1974) ва Мактаби олии милитсияи Тошкандро (1991) хатм кардааст. Инспектр, инспектори калони Управленияи ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД Тоҷикистон (1974-1980; 1981-1989). Корманди мақомоти Саруправленияи ҷустуҷӯи ВКД Федератсияи Русия ш. Москва (1989-2004 ), корманди Бунгоҳи (Штаби) ВКД Федератсияи Русия, шаҳри Москва (2004-2011). Аз соли 2011 профессори кафедра дар Академияи ВКД Федератсияи Русия шаҳри Москва. Бо зиёда аз 30 орден ва медалҳо, аз ҷумла орденҳои «Ситораи Сурх», «Шуҷоат», «Барои хидмат дар роҳи ватан», медалҳои «Барои диловарӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ», «Сарбози интернатсионалист» ва ғ (Федератсияи Русия) мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С. 98. ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)