Jump to content

Хусрав Шамбезода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хусрав Шанбезода)
Хусрав Шамбезода
Шамбезода Хусрав Ҷамшедович
Хусрав Шамбезода, профессор, ноиби Ректори ДСРТ
Хусрав Шамбезода, профессор, ноиби Ректори ДСРТ
Таърихи таваллуд 25 май 1956(1956-05-25) (68 сол)
Зодгоҳ Хоруғ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997)
Хусрав Шамбезода, филолог, профессор, ноиби Ректори ДСРТ

Хусрав Шамбезода (Шамбезода Хусрав Ҷамшедович ; 25 майи 1956, шаҳри Хоруғ) — филолог, доктори илмҳои филология (2007), профессор (2008). Аълочии маорифи ҶТ (1997)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусрав Ҷамшедович Шамбезода дар Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дуне омадааст. Мавсуф хатмкунандаи ДДО ба номи Т. Г. Шевченкои ш. Душанбе мебошад (1980). Муаллими кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумии ДДОТ ба номи Т. Г. Шевченко (1982—1985), аспиранти шуьбаи забоншиносии иҷтимоии Пажуҳишгоҳи Академияи илмҳои ИҶШС (1986—1989), муаллими калони кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумии (1989—1995), муовини декан оид ба таълим дар факултаи забон ва адабиети руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ(1991—1995). Фаьолият доир ба мубодилаи мутахассисон дар Донишкадаи Конюни ИМА (Вашингтон)(1996), декани факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва ҳамзамон дотсенти кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ, кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалӣ (1996—2009). Солҳои 2009—2014 ба ҳайси ноиби ректор оид ба кори илмии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва сипас доир ба рушди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)(соли 2015) адои вазифа намудааст. Аз соли 2016 дар вазифаи ноиби ректор доир ба кори илм ва инноватсияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон кор карда истодааст. Аз соли 2009 то инҷониб ӯ ҳамзамон профессори кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалӣ мебошад.[1]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусрав Шамбезода муаллифи як қатор тадқиқотҳои илмиву методӣ доир ба масьалаҳои мубрами забоншиносии иҷтимоӣ, корбурди забонҳои халқиятҳои хурд, таъсири мутақобилаи забонҳо, сиёсати забонӣ, таҳлили корбурди забони шуғнонӣ аз ҷиҳати забоншиносии иҷтимоӣ дар шароити бисерзабонӣ. Иштирокчии конфронсҳои байналхалқии илмиву амалии «Маориф ва илм дар чаҳони тағйирёбанда» (Бишкек,1999), "Гуфтушуниди Ташкилоти бунёдии забон ва фарҳанги давлатҳо-иштирокдорони ИДМ доир ба муҳокимаи лоиҳаи тарҳи қонун «Оид ба забон» (Москва,2004), «Осиеи Марказӣ дар сиёсати берунии Иттиҳоди Аврупо»(Алмаато,2004), «Забон ва адабиёти рус дар давлатҳои Осиёи Миёна» (Душанбе,2005) ва диг. мебошад.

  • Languages of interethnic communication in the Gorno- Badakhshan province of Tajikistan // Atlas of Languages of Intercultural Communication in the Pacific, Asia, and the Americas. — Berlin, 1996;
  • Языковая ситуация в Горном Бадахшане: проблемы и перспективы. — Душанбе, 1999;
  • Краткий словарь-справочник лингвистических терминов. — Душанбе, 1999;
  • Функциональная дистрибуция языков малочисленных народов в условиях многоязычия (на материале функционирования языков Горно-Бадахшанской автономной области Республики Таджикистан). — Душанбе, 2007;
  • Краткий словарь-справочник лингвистических терминов. — Душанбе,2011.[2][3]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — С. 87-88, 115,123-128.