Хушқадам Давлатқадамов
|
|
Таваллуд |
5 декабр 1924 |
Даргузашт |
3 декабр 1995 (70 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои фалсафа[d] |
Ҷоизаҳо |
Хушқадам Давлатқадамович Давлатқадамов (5 декабри 1924, деҳаи Ямтс, ноҳияи Рӯшон, ҶШС Туркистон, ИҶШС — 3 декабри соли 1995, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими шӯравӣ ва тоҷик, котиби якуми кумитаи вилоятии Бадахшони Кӯҳии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (1970—1978).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти кориашро соли 1943 ба ҳайси муаллими мактаби ҳафтсолаи собиқ ноҳияи Бартанг оғоз кардааст. Соли 1954 мактаби ҳизбии ҷумҳуриявии назди КМ ҲКИШ ва соли 1960 Мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои фалсафа. Муаллифи як қатор монографияҳо ва мақолаҳо.
- Солҳои 1947—1948 — пропагандисти шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Кумитаи ноҳиявии Бартанг ҲК (б) Тоҷикистон;
- Солҳои 1948—1951 — Котиби якуми ЛКСМ Бартанг,
- Солҳои 1951—1955 — лектор дар шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар Бадахшон,
- Солҳои 1955—1957 — котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Рӯшон,
- Соли 1960 — мудири Хонаи маорифи сиёсии Кумитаи вилоятии Бадахшон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон;
- Солҳои 1961—1964 — аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ (Москва),
- Солҳои 1964—1967 — котиби комитети вилоятии Бадахшони Кӯҳии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон,
- Солҳои 1967—1970 — Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
- 1970—1978 — Котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон,
- Солҳои 1978—1984 — вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон.
Аз соли 1984 истеъфо.
Ӯ вакили Шӯрои Олии ИЧШС даъвати 8-9 ва ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо номи ӯ мактаби миёнаи деҳаи Ямтс дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошта шудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Инқилоби Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, чор медал ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 декабр
- Зодагони соли 1924
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 3 декабр
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- Комиссарҳои халқ ва вазирони ҶШС Тоҷикистон