Jump to content

Хӯҷаназари Аминиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хӯҷаназари Аминиён
Ном ҳангоми таваллуд Аминов Хуҷаназар Файзуллоевич
Таърихи таваллуд 20 март 1972(1972-03-20)
Зодгоҳ Элок, ноҳияи Файзобод
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

«Аълочии телевизион ва радио» (2009)
«Аълочии матбуот» (2012)

Хӯҷаназари Аминиён (Аминов Хуҷаназар Файзуллоевич; 20 марти 1972, Элок, ноҳияи Файзобод) — рӯзноманигори тоҷик. Аълочии телевизион ва радио (2009), Аълочии матбуот (2012). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хӯҷаназари Аминиён 20 марти соли 1972 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хӯҷаназари Аминиён соли 1995 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хӯҷаназари Аминиён фаъолияти кориашро соли 1995 дар «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шуъбаи мухбирони минтақавӣ оғоз карда, аз соли 1996 то соли 1999 ба ҳайси мухбири махсуси «Телевизиони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, солҳоии 1999—2005 муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз соли 2005 то соли 2006 сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Мавсуф аз соли 2006 то соли 2008 муовини аввали сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз моҳи ноябри соли 2008 то феврали соли 2012 чун сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон», аз 1 феврали соли 2012 то 1 ноябри соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи танзими барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Хуҷаназари Аминиён аз моҳи ноябри соли 2012 аз нав сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 ба ҳайси муовини Директори Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст.

Хӯҷаназари Аминиён аз моҳи майи соли 2016 то инҷониб сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад.

Хӯҷаназари Аминиён дар давоми фаъолияти кори худ дар Телевизиони Тоҷикистон барои иштирок дар конфронсу чорабиниҳои омӯзишии воситаҳои ахбори омма ва инъикоси чорабиниҳои муҳим ба шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Урумчи, Пекин, Ичан, Синан, Сиан, Хубей ва Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Киеви Украина, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрҳои Москва, Уфа ва Оренбурги Федератсияи Россия ва шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

Ҷоизаву ифтихорномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хизматҳои Хӯҷаназари Аминиён бо мукофоти давлатӣ — Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006), Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии матбуот (соли 2012), Аълочии фахрии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) ва Аълочии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) қадр карда шудааст.

Ҳамчунин ҷаноби Аминиён дар давоми фаъолияти кории худ барои хидматҳои арзанда ва инъикоси чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» ба Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.