Jump to content

Чавгони пиёда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чавгони пиёда, чавгонбозӣ, гӯйбозӣ

Чавгони пиёда, аз қадимтарин навъҳои варзиши тоҷикон мебошад. Барои бозӣ ба ҳар як бозигар чавгон ва барои ҳама як адад гӯй – тӯби махсус лозим аст. Тибқи қоидаи он дастаҳо ба ду гурӯҳи шашнафарӣ тақсим шуда, дарвозаи худро доранд ва кӯшиш мекунанд, ки гӯйро бо чавгон зада, вориди дарвозаи ҳариф намоянд. Ҳоло дастаҳои касбии чавгонбозони пиёда низ фаъолият мекунанд. Дар Бадахшон, Кӯлоб, Хуҷанд, Душанбе нимфаъол аст.[1]

1. Турсунов Н. Чавгонбозӣ, Д., 1982;

2. Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.

3. Суяркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968.


Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 178