Чаноро
Зоҳир
Деҳаи Чаноро | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷавонон |
Аҳолӣ | 912 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 104 |
Чаноро — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 8,5 км. Аҳолиаш 912 нафар (2010), тоҷикон. Аз 104 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, корхонаи дӯзандагӣ, осиёи обӣ, осиёи барқӣ, 25 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.