Чилахон Холов
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 22 декабр 1957 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 феврал 2023 (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Чилахон Холов (Холов Чиллахон Саидович; 22 декабри 1957, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет — 8 феврали 2023, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилахон Холов 22 декабри соли 1957 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро соли 1980 ба хатм кардааст. Дар баробари таҳсил мудом дар маҳфилу шабнишиниҳо овозхонӣ мекард ва узви фаъоли ансамбли «Наврӯз»-и назди донишгоҳ буд. Ахиран муҳаббат ба ҳунару мусиқӣ баъди хатми донишгоҳ ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард.
Соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Зафар Нозим ба уҳда дошт. Бар асоси озмун ва дарёфти баҳои баланди ҳайати доварон вориди ансамбл шуд[1]. Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти «Бозубандамро бидеҳ» буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард[2].
Солҳои 1980—1991 сарояндаи Филармонияи давлатии Точикистон, 1991—2002 роҳбари ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина», 2002—2003 роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак», 2003—2005 директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио, аз соли 2005 роҳбари гурӯҳи эҷодии ТВ Сафина, 2015—2017 директори "Кохи Ҷомӣ", муаллими дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд[3].
Сурудаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои аввал бештар ба таронаҳои халқӣ таваҷҷӯҳ намуда, «Кадудона», «Фалак», «Қошуқтарош», «Хамида мӯи сиёҳ» барин сурудҳои дилнишинро ба хидмат овард. Минбаъд ба ашъори шуарои пешину муосир муроҷиат намуд, дар ҳавои оҳангҳои хеш «Тарки соғар», «Рӯи ту», «Муборак бошад», «Ёди Ватан», «Шаби борон», «Сад умед», «Бачагӣ», «Омад хазон», «Саломат мекунам» барин сурудҳо эҷод кард, ки писанди умум афтоданд.
Ба Ҳиндустон, Ироқ, Голландия, Русия, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Беморӣ ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби 8 феврали 2023 дар сини 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[4][5]. Чиллахон Холов аз чанд моҳи ахир аз беморӣ ранҷ мебурд ва тақрибан як сол пеш аз даргузашташ ӯро ҷарроҳии гурда ҳам карда буданд[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чилахон Холов: “Хишти ҳунар заҳмат, гилаш масъулият аст”. javonon.tj. 16 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Чилахон Холов ҷарроҳӣ шудааст. дар ҳаққи овозхони маҳбуб дуо кунед(рус.). Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ». 16 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Умари Шерхон. 30 суруд дар 5 сол - СССР - Мо метавонем!. cccp.tj. Рӯномаи СССР (6 Январ 2019). 8 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 сентябри 2019.
- ↑ Даргузашти ҳунарманди шинохта Чилахон Холов(тоҷ.), Радиои Озодӣ (8 феврали 2023). Проверено 8 феврали 2023.
- ↑ Меҳрофарин Наҷибӣ. Даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов. asiaplustj.info. ASIA-Plus (8 феврали 2023). 8 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Ҳунарманди шинохта тоҷик Чилахон Холов даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (8 феврали 2023). 8 феврали 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Холов Чилахон Саидович // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — С. 548. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.