Чилла Мардонов
Чилла Мардонович Мардонов | |
Таърихи таваллуд | 2 феврал 1932 (92 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Чилла Мардонович Мардонов (тав. 2.02.1932, деҳаи Руботи ноҳияи Дарвоз), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1966), дотсент (1967).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1950–1954 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1954–1955 ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1955–1958 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1958–1960 ҳамчун муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, 1960–1964 муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1964–1966 аспиранти Донишгоҳи давлатии ба номи Н. Чернышевскии ш.Саратов, 1966–1984 дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1984–2000 дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2000 то ба имрӯз дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Оид ба низоми асъори байналмилалӣ ва қувваи коргарӣ тадқиқотҳои илмӣ анҷом додааст. Дар як қатор конференсияҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кооператсияҳои ғайриистеҳсолии Тоҷикистон (солҳои 20-30-юм), Д., 1964;
- Кадрҳои баландихтисос ба деҳот, Д., 1975.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 2 феврал
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон