Чойкаҳак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чойкаҳак

Чойкаҳак– Hypericum perforatum (Зверобой продырявленный).

Чойкаҳак – рустании бисёрсола буда, баландиаш то 1 метр мешавад.

Тавсиф ва сифат[вироиш | вироиши манбаъ]

Решааш – тиррешаи сернавда мешавад.

Пояаш – ростистодаи суфтаи дуқиррадор мебошад.

Баргҳояш – нишастаи мутақобил, шаклашон – эллепсшакл ё ки камтар дарози – байзашакл (дар дарози 0,7-3,5 см ва дар паҳни 0,2-1,5 см) буда, дар танаи худ нуқтаҳои равғанини ғадуддор дорад, лаби паҳнаки барг сиҳати яклухт мебошад.

Хӯшагул – ҳорӯбаки - сипаршакли бисёргула.

Рангаш – зарди тилодор, гулбаргаш – 5 то дарози-эллепсшакл (1-2 см дар дарозӣ ва 0,4-0,5 см дар паҳнӣ) бо нуқтаҳои майдаи сиёҳи ғадуддор мебошад.

Мевааш – қутичаи сеқисмае мебошад, ки дар дарунаш бисёр тухм ҷойгир шудааст (аз 45 то 100 дона).

Тухмаш – майдачаи дарозрӯя ё ки слиндршакл, рангаш ҷигарии-торик, дарозиашон то 1 мм мебошад. Вазни 1000 дона тухмӣ ба 0,10 -0,15 грамм баробар мебошад.

Макон[вироиш | вироиши манбаъ]

Чойкаҳак моҳҳои май-июл гул карда, моҳҳои сентябр-октябр тухм медиҳад.Чойкаҳак дар нишебиҳои адирҳо, лаби ҷӯйбору дарёчаҳо, байни алафзорҳо дар ҷойҳои серофтоби ноҳияҳои Зарафшон, Туркистон, ҲисоруДарвоз, Ҷанубу-Шарқи Тоҷикистон дар баландии 600-3000 метр мерӯяд.

Сифати доругӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тиб қисми болоии гулкардаи рустаниро истифода мебаранд. Аз даври қадим чойкаҳакро ҳамчун рустании дорувор истифода мебурданд. Чойкаҳакро аз бисёр бемориҳо истифода мебаранд, ҳамчун: зидди газаки гурда ва меъда ҳамчун ҷойҳои маҳкамшударо мекушодагӣ. Тухмии чойкаҳак меъдаро мустаҳкам менамояд ва дар вақти касалиҳои дил ва ғайра истифода бурда мешавад. Чойкаҳак иштиҳои одамро нағз карда, кори рўдаҳоро нағз мекунад ва пешобро медавонад. Препаратҳои галенӣ, ки аз алафи чойкаҳак тайёр карда мешаванд ҳамчун хунманъкунанда ва зидди газзак истифода мебаранд.

Бо методи фармокологӣ исбот карда шудааст, ки алафи чойкаҳак ба худ хусусиятҳои давондани пешоб ва нест кардани кирмҳоро дорад. Шароби 10% ин алаф зидди острицаҳо (гименолепидоза) истифода мебаранд. Дар ветеринария аз шароби 20% -и алафи чойкаҳак эмульсияро дар асоси равғани вазелин тайёр карда, бо он захмҳои чорворо табобат менамоянд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». – Душанбе, 2007