Jump to content

Шавкат Бобозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шавкат Бобоев)
Шавкат Бобозода
Бобоев Шавкат Бобораҷабович
21 ноябри 2013 — 28 январи 2019
Ҷонишин Заробиддин Файзуллозода

Ҷоизаҳо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шавкат Бобозода (Бобоев Шавкат Бобораҷабович; 3 июни 1962, Панҷакент) — ходими давлатӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2019).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шавкат Бобозода 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик, технолог ва соли 2003 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми Донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механикии Вазорати саноати маҳаллӣ, сардори шуъбаи механики-энергетикии фабрикаи «Зарбоф»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 1999—2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкалов, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004—2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкалов фаъолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Солҳои 2013—2019 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.