Jump to content

Шавкат Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкат Саидов
Саидов Шавкат Норқузиевич
Таърихи таваллуд 16 март 1970(1970-03-16)
Зодгоҳ ноҳияи Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Пеша

Шавкат Саидов (Саидов Шавкат Норқузиевич, тахаллус Шавкат Симо[1]; зод. 16 марти 1970, деҳаи Ҷавкандак, ноҳияи Ӯротеппа) — рӯзноманигор, нависанда, шоир ва ҳуқуқдони тоҷик, Мушовири давлатии дараҷаи III (2012).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шавкат Саидов 16 марти соли 1970 дар деҳаи Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Солҳои 1987—1993 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 2003—2005 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1988—1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (Маҷористон) хидмат кардааст

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1993—1997 — Корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳо (сиёсатшинос)
  • 1997—1998 — Судиҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • 1998—1999 — Корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳо, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Шоҳроҳи Ваҳдат»
  • 1999—2002 — Котиби масъули рӯзномаи «Паёми Душанбе»
  • 2002—2004 — Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе
  • 2004—2015 — Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ[2]
  • 2015—2017 — Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт»[3]
  • феврали 2017 — октябри 2017 — Мудири Котиботи Раиси Маҷлиси миллӣ
  • 2017—2020 — Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ
  • 2020—2021 — Нозир-референти Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шавкат Саидов аз январи соли 2022 ҳуқуқшиноси ҶДММ «Ободии Пойтахт» мебошад.

Вакилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси вакили халқ солҳои 2000—2005 ва 2010—2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Рашки ашк» (2011)[1];
  • «Чанд ҳикмат ба як рӯзе» (2019).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 «Рашки ашк»-и Симо. АМИТ "Ховар" (23 Декабри 2011). 25 май 2024 санҷида шуд.
  2. САИДОВ Шавкат | ЦентрАзия. centrasia.org. 25 май 2024 санҷида шуд.
  3. Рао/Ро. Шавкат Саидов – раиси нави ТВ "Пойтахт"(тоҷ.), Радиои Озодӣ (20 апрели 2015). Проверено 25 май 2024.