Jump to content

Ноҳияи Истаравшан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Ӯротеппа)
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Истаравшан
Ноҳияи Истаравшан
39°55′42″ с. ш. 69°00′38″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак, 10 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Истаравшан
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 11 майи соли 1936
Масоҳат 874,11 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 288 100[2] нафар (2022)
Зичӣ 350,7 нафар/км²
Миллият тоҷикон узбекон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.
Коди телефон +992 3454
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Истаравшан дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Истаравшан — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Ноҳияи Истаравшан 11 майи соли 1936 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш — 185,6 ҳазор нафар (соли 2015), тоҷикон ва узбекон, масоҳаташ — 874,11 км2. Масофа: аз Истаравшан то Хуҷанд — 90 км, то Душанбе — 252 км. Маркази идории он шаҳри Истаравшан мебошад.

Ноҳияи Истаравшан дар қисми шимолии қаторкуҳи Туркистон (70 км), дар ҷанубу ғарбии маркази Вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Бо ноҳияҳои Зафаробод, Деваштич, Шаҳристон ва Ӯзбакистон ҳамсарҳад аст.

Дар фазои субтропикӣ, хушк, ҷойгир буда, ҳарорати баланди тобистон +40 °C ва ҳарорати пастарин дар зимистон -25˚С – ро ташкил мекунад, бориши миёнаи сол 172 мм – ро ташкил медиҳад.

Маркази ноҳияи Истаравшан дар баландии 1040 м аз сатри баҳр ҷойгир шудааст. Бод асосан дар шаб аз ҷануб – шарқ ва дар рӯз аз шимол – ғарб медаманд. Дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо рустаниҳои гуногун месабзанд. Аз дарахтони ороишӣ ва мева асосан гиря бед, сафедор, чинорҳо, гелосҳо, себҳо, чормағз, зардолуҳо, шафтолуҳо, анор ва ангурҳо ( зиёда аз 30 намуд) меруянд.

Дар қаламрави шаҳри Истаравшан захираҳои фаровони табиӣ ба монанди фосфор, маводҳои сохтмон, хоросанг, сангҳои мармар, ашёи хом барои таёр намудани рангҳои сохтмони мебошанд. Ва низ захираҳои маъруфи канданиҳои ҳастанд (санг, шағал, рег).

Масҷиди Сари Мазор
Қалъаи Муғ
Деҳотҳои ноҳияи Истаравшан

Шаҳри Истаравшан дар аввали асри V п.а.м. ташкил шудааст. Соли 2002 – ум, 2500 солагии шаҳри бостонии Истаравшан бо тантана қайд карда шуд. Дар асрҳои бисёр вуҷуд доштани ноҳияи Истаравшан ба худ номҳои Курушкада, Киропол, Устурушана, Суйдуйшана, Ӯротеппа ва дигарҳо гирифтааст. Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиё Миёна ба ҳисоб рафта ба як қатор бо шаҳрҳои қадимии Бухоро ва Самарқанд меистад. Ба ин Қалъаи Муғ, Калъи Баланд, Қалъаи Метар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Калъачаи Араб ба қадимшаҳр будани Истаравшан шоҳид шуда метавонанд.

Дар шаҳр зиёда аз 150 ёдгориҳои таърихию меъмори вуҷуд дорад, ки ҳар яки он таърихи аз 300 то 1500 сола дорад. Шаш дарахтони бузург, ки дар ҷойгоҳи бо ном Савристон деҳоти Ругунд ҷойгир аст ҳар яки он бо 10-12 ғафсии одам баробар буда 1400 сола мебошанд. Мавзолеҳои Абубакри Шиблӣ (асри VIII), Ҳоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII), ансамбли меъмории Ҳазрати Шоҳ (асри XVII-ХIХ), Сари Мазор (асри XVI), ва дигарҳо мебошанд ва ин танҳо як рӯйхати хурди офаридаҳои нодири беназири меъморӣ аст, ки ҳунармандон, кандакорон ва дигар устоҳои ҳунарпешаи шаҳри Истаравшан дар гузашта сохтаанд. Бо доштани чашмаҳои ҳаётбахши худ ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳҳояш Истаравшан аз замонҳои қадим ҳамчун мамлакати табобатгоҳи табии дар Осиёи Миёна шинохта шудааст. Пештар дар Истаравшан 578 кӯчаҳо иборат буд, ки ба ҳаргуна ҳунарҳои мардумӣ вобаста буданд ва 642-то мағозаҳои ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд будаанд. То кунун куҷаҳои мисгарон, оҳангарон, кордсозон, кулолгарон ва шонатарошон арзи вуҷуд доранд. Дуредгарон ва сангтарошон, мӯзадӯзон, қолиндӯзон, оҳангарон, танӯрсозону кордсозон ин ҳунарҳое мебошанд, ки аз қадимуаён аҳолии Истаравшан шуҳрат ёфтаанд.

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ноҳия мебошад, ки дар солҳои 1898 оғоз намуда соҳибкорони рус дар Истаравшан ширкатҳои гуногуни истеҳсоли таъсис дода шудаанд. Дар солҳои минбаъда дар шаҳри Истаравшан корхонаҳи вазнини саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди меваю сабзавот ва корхонаҳои саноатии сабук сохта шудаанд.

Солҳои 1946-1949 ноҳияи Ӯротеппа дар дохили Ҷумҳурии Советии Шӯравии Тоҷикистон сохта шуда буд. 9-уми сентябри соли 2002 бахшида ба 2500 солагии шаҳри Ӯротеппа ба Истаравшан номгузори карда шудааст.

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ ноҳияи Истаравшан аз маркази шаҳр (22 маҳалла), 10 ҷамоат (ҷамоати Гули Сурх, Чорбоғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Ниҷони, Нафароҷ, Зарҳалол, Пошкент, Ҷавкандак ва Фрунзе) ва 68 деҳот иборат аст.

Номгуи ҷамоатҳо Шумораи хонаводаҳо Шумораи аҳолӣ Аз онҳо занон
Гули Сурх 5182 38229 19726
Зарҳалол 4453 29733 15342
Қалъаи Баланд 1875 8595 4435
Чорбоғ 2784 15190 7838
Ниҷонӣ 1800 9612 4960
Нафароҷ 1930 9562 4934
Қалъачаи Калон 3040 14379 7420
Пошкент 4016 18274 9429
Ҷавкандак 2218 9648 4978
Фрунзе 2948 15529 8013
Дар маҷмӯъ: 30246 168751 87076
Маркази шаҳр 11321 63400 34870
Ҳамагӣ: 41567 232151 121946

Сарвари шаҳри Истаравшан Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори шаҳри Истаравшан Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Истаравшан барои 5 сол интихоб мекунанд.

Вазъи демографӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 1 – уми январи соли 2015 аҳолии шаҳри Истаравшан 185,6 ҳазор нафарро ташкил медод. Ба ҳисоби суръати афзоиши аҳолӣ дар як сол 2.3% - ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави шаҳр 41567 хонавода ва дар ҳисоби миёна дар як оила 4 - 6 нафар зиндагонӣ мекунанд. Маркази шаҳри Истаравшан аз 22 маҳалла, ки дар он 63,4 ҳазор нафар зиндагонӣ мекунанд, ин 27,3% - аҳолии умумии Истаравшанро ташкил медиҳад.

Дар таркиби иҷтимоии аҳоли 86,5% тоҷикон мебошанд, ки нақши асосиро мебозанд, 13% узбекҳо ва 1% намояндаҳои дигар миллатҳо мебошанд. Бино ба омори расмӣ, аҳолии шаҳри дар синни то 14 сол 28,0% - ро ташкил медиҳад, аҳолии қувваи кори 44,5 % ва аҳолии синни нафақахур 27,5 % мебошанд.

сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
229,1 234,3 239,6 245,5 268,1 273,5
  • Корхонаҳои саноатӣ: 21 адад
  • Хоҷагиҳои кишоварзӣ: 867 адад
  • аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ: 824 адад
  • Ҳаҷми умумии заминҳои корам: 25,8 ҳазор га
  • аз ҷумла обӣ: 12,6 ҳазор га
  • Зироатҳои асосӣ: ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот,ангур

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]