Jump to content

Шавкат Халилзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шавкат Халилов)
Шавкат Халилзода
Таърихи таваллуд: 26 декабр 1956(1956-12-26)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 май 2023(2023-05-15) (66 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони театр, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:

Шавкат Халилзода (то соли 2020 Халилов Шавкат Муҳаммадович; 26 декабри 1956, Душанбе — 15 майи 2023, Душанбе) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шавкат Халилзода 26 декабри 1956 дар шаҳри Душанбе дар хонадони Муҳаммад Халилов[1] ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби миёнаи № 53-и пойтахт, дар соли соли 1978 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ва Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Ленинградро дар соли 1985 хатм кардааст. Солҳои 1984—1985 коргардони Театри давлатии академӣ-драмавиии ба номи Лоҳутӣ, 1985—1989 саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи Қурғонтеппа, 1989—1995 коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хуҷанд, 1995—1997 саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи Самарқанд, 1998—2002 коргардони Театри лӯхтаки Душанбе, 2002—2003 ва ахиран 2014—2019 коргардони Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, аз соли 2019 то поёни умр саркоргардони Театри опера ва балети Айнӣ буд[2].

Аз маъруфтарин намоишгоҳҳои Шавкат Халилзода ба рӯи саҳнаи театр оварда, «Лайлатулқадр» -и Ю.Акбаров, «Авлиё ва осӣ»-и А.Варфоломеев, «Моҷарои обфурӯш»-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф, «Тӯйи бедомод»-и Ҷумъа Қуддус, «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло, «Хидматгори ду хоҷа»-и К. Голдони ва даҳҳои дигар ном бурда мешавад.

Соли 2000 дар Маркази продюсерии «Кент» (Қазоқистон" нахустин рок-опера ва балети қазоқӣ «Такир»-ро пешкаши бинандагон гардондааст.

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, С.134.
  2. Халилзода Шавкат Мухаммад. Главный режиссёр театра, Народный артист РТ. www.operabalet.tj. 16 май 2023 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.