Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаиқул Ҳамроқулов (тав. 01.02.1939, ноҳияи Бойсуни ҶШС Ӯзбекистон), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1975), дотсент (1985).
Соли 1964 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1964–1966 корманди ҳифзи ҳуқуқ дар Вазорати корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон, 1966–1970 иқтисодчии шуъбаи иқтисодиёт дар Госплани ҶШС Тоҷикистон, 1970– 1972 ассистенти кафедраи иқтисодиёти Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1973–1974 аспиранти Институти илмию тадқиқотии зироаткории Тоҷикистон, 1974–1978 ходими калони илмии институти мазкур, 1978–1999 муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, 1999–2008 дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз ҳамчун дотсент ва мудири кафедраи асосҳои назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Муаллифи як рисолаи илмӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба таҷрибаи низоми роҳбарикунанда дар колхозҳои водии Вахш кори илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1968) сарфароз карда шудааст.
- Опыт совершенствования системы управления в колхозах Вахшской долины, Д.,1974;
- Развитие агропромышленного комплекса и реализации продовольственной программы, Д., 1978;
- Широкомасштабное развертывание милиорации земель – решающий фактор дальнейшего подьема сельхозкого хозяйства, Д., 1985;
- Саду як саволу ҷавоб нисбати асъори пул, Д., 2010.