Шайх Моҳир Муъайқилӣ
Шайх Моҳир Муъайқилӣ | |
---|---|
араб. ар. ماهر المعيقلي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | имом |
Таърихи таваллуд: | 7 январ 1969 (55 сол) |
Зодгоҳ: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Вироиши Викидода |
Муҳаммад ибни Ҳамад ал-Муайқилӣ (ар. ماهر بن حمد بن معيقل المعيقلي البلوي; 7 январи 1969, Мадина) — қории Қуръон, имоми Масҷидулҳаром ва мударриси Ҷомеъаи Уммулқурои шаҳри Макка.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шайх Моҳир ибни Ҳамад ал-Муайқилӣ дар таърихи 18 шаволи 1388 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ 7 январи 1967 мелодӣ дар рустои Суиқа аз тавобеъи шаҳри Мадина дар Арабистони Саудӣ чашм ба дунё гушӯд. Дар кӯдакӣ ҳофизи Қуръон шуд. Таҳсилоти муқаддамотиро дар Мадина, дар риштаи риёзӣ оғоз кард ва баъд аз он озими Макка шуд ва ба таҳсили улум исломӣ дар мадрасаи «Аамир Абдулмаҷид» пардохт. Вай таҳсилоти олияро дар Ҷомеъаи Уммулқуро (бузургтарин донишгоҳи улуми исломӣ дар шаҳри Макка) пай гирифт; Ибтидо дар соли 1425 ҳ. қ. мадраки коршиносиро гирифт ва дар риштаи фиқҳ (бо гароиши мазҳаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал) тавфиқ ёфт ва сипас ба дараҷаи дуктурӣ дар риштаи тафсири Қуръон аз ҳамон донишгоҳ ноил омад. Вай ҳамакунун ба унвони мударрис дар Ҷомеъаи Уммулқуро машғул ба фаъолият аст.
Имомати ҷамоъат
[вироиш | вироиши манбаъ]Шайх Моҳир ибтидо ба муддати 5 сол имом ва хатиби масҷиди Ҷомеъу-л-Саъдӣ дар ҳаволии Макка буд, то ин ки дар моҳи рамазони соли 1426 ҳ. қ. ба имомати намози таровеҳ дар Масҷиду-н-набӣ мансуб шуд. Вай ҳамчунин аз сол 1429 ҳ. қ. то кунун имоми ҳарами маккӣ ва аз аъиммаи аслии намози ҷамоот дар Масҷидулҳром аст.
Тартили Қуръон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шайх Моҳир яке аз хушсадотарин қориён Қуръон ва дорои лаҳне маҳзун ва дилнишин аст. Дар аснои тиловат ё дар намозҳо, ларзиши садо ва сукути ӯ аз таассури шадиди вай ҳикоят мекунад ва ҳамчунин инсонро ба ёд барзах ва қиёмат меандозд ва ҳамчунин аромиши хоссе низ дорад. Ӯ Қуръонро ба ривояти Ҳафс аз Осим ва ба равиши тартил мехонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиндагиномаи Шайх Моҳир Муъайқилӣ(форсӣ). Askquran. Конуни гуфтугӯи қуръонӣ. 15 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 апрели 2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- maheralmuaiqly.com — вебгоҳи расмии Шайх Моҳир Муъайқилӣ
- Мусҳафи комил бо савти Шайх Моҳир (ба ривояти Ҳафс аз Осим)(тоҷ.). MP3 Quran. 15 апрели 2021 санҷида шуд.