Масҷидулҳаром

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масҷид
Масҷидулҳаром
Кишвар
Сабки меъморӣ Меъмории исломӣ
Шумораи манораҳо 11
Баландии манора 89 м
Ҳолат амалкунанда
Вебгоҳ gph.gov.sa
 Парвандаҳо дар Викианбор[1]

Масҷидулҳаром (ар. المسجد الحرام‎ — ал-масҷид ал-ҳарам) — аз ҳама бузургтарин масҷид дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин ва муқаддастарин азизи дини ислом Каъба дар ҳамин масҷид қарор дорад. Масҷид дар шаҳри Макка, Арабистони Саудӣ мавқеъ гирифтааст.

Сохтумон[вироиш | вироиши манбаъ]

Масҷидулҳаром ва Макка дар асри XVIII

Сохтумони масҷиди нахустинро дар назди Каъба, таърихдонон ба соли 638 қоил донистанд. Ҳамчун масҷиди амалкунанда дар соли 1570 маълум буд. Дар муддати фаъолияти худ масҷид якчанд маротиба навсозиҳоро аз сар гузаронд ва аз ҳамин сабаб, аз симою меъмории биноҳои нахуст кам асаре боқӣ мондааст. Дар аввал масҷид ал Ҳарам соҳиби шаш манора буд, аммо дар вақте, ки дар шаҳри Истанбул Масҷиди Кабуд дорои шаш манора шуд, имоми Макка инро ҳамчун таҳқир кардани муқаддасот эълон кард:

Ягон масҷид дар ҷаҳон набояд ба Каъба баробар шавад.

Онгоҳ султон Аҳмади I фармон дод, ки дар ҳамин масҷид манораи ҳафтумро бунёд кунанд.

Таъмири масҷид дар охири солҳои 1980-ум[вироиш | вироиши манбаъ]

Масҷидулҳаром ва Макка дар асри XIX

Дар охири солҳои 1980-ум таъмири масҷид ба вуқӯъ омад, дар вақте, ки ба он аз тарафи ҷанубу-ғарбӣ бинои бузург бо ду манораи иловагӣ замима карданд. Маҳз дар ҳамин бино даромадгоҳи асосӣ қарор дорад — Дарвозаи подшоҳ Фаҳд. Айни замон Масҷидулҳаром — ин иншооти бузургест, ки 357 ҳазор метри квадратиро ташкил мекунад. Масҷид соҳиби 9 манора аст, ки баландиашон то 95 метр аст. Ба ғайр аз 4 дарвоза, 44 даромадгоҳи дигар низ дорад. Дар бино зиёда аз 500 сутун аз санги мармар сохта шудааст ва дорои 7 эскалатори амалкунанда мебошад. Ҳаво дар ҳуҷраҳои асосӣ ба воситаи ғуборкаш тароват мешавад. Ҳуҷраҳои махсус барои намоз ва таҳорат пешбинӣ шудааст, ки ба қисмҳои мардона ва занона ҷудо мешаванд. Ал-Масҷид ал Ҳарам якбора 800 ҳазор одамро ҷой мекард ва ҳатто дар боми бино, имондорон ҷой мегирифтанд.

Таъмир дар аввали асри XXI[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2007 то 2012 аз рӯйи қарори подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдул Азиз Ал Сауд таъмири нави бузурги масҷид гузаронда шуд. Дар вақти васеъ кардани масҷид, корҳо асосан дар самти шимолӣ баргузор гардида, масоҳати масҷид то 400 ҳазор метри квадратӣ расид ва дар он 1,12 миллион одам меғунҷад. Боз ду манораи дигар сохтанд, инчунин «Дарвозаи подшоҳ Абдулло». Ҳама биноҳои нав ва куҳанро бо ғуборкаш муҳайё карданд. Бо таъмири замини гирду атроф, акнун дар маросимҳо метавон то 2,5 миллион одам якбора ширкат варзад. Арзиши таъмир ҳамагӣ 10,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил кард. Ҳамон замон (соли 2011), назди кунҷи масҷид, бузургтарин дар ҷаҳон маҷмӯи биноҳои баланди зист Абраҷ ал Байт сохта шуд.

Амали террористӣ дар соли 1979[вироиш | вироиши манбаъ]

Акс:Time of Adhan, Great Mosque of Mecca - Jan 6, 2018.webm
Вақти азон, Масҷидулҳароми Макка - 6 январи 2018
Масҷидулҳаром ва Макка дар асри XX

Саҳари рӯзи 20 ноябри соли 1979 (рӯзи якуми соли нави 1400-ум аз рӯйи солшумории исломӣ) дар Масҷидулҳаром ҳазорон имондорон барои намоз ҷам омаданд. Ногаҳон дар дохили масҷид овози тир баромад. Посбонон, ки танҳо бо калтак таъмин буданд, ягон муқобилат карда натавонистанд. Дар муддати кӯтоҳ, тамоми гирду атроф ва дохили биноҳои масҷид, зери тасарруфи сипоҳиёни номаълум гашт. Онҳо ҳама даромадгоҳҳоро банд карда дар манораҳо нуқтаҳои оташфишонӣ гузоштанд. Илҳомбахши баландғоя ва ташкилотчии забт Ҷуҳайман ал-Утайбӣ буд, ки пеш вақт дар гурди миллии Арабистони Саудӣ хидмат мекард. Якум ҳамсаф аз ҷиҳати муҳимӣ Муҳаммадд ал Кахтанӣ, ки дар гузашта ҳамчун рамзи рӯҳӣ ва рӯҳонии шӯриш буд. Шӯришгарон эътиқод доштанд, ки ҳамин инсон маҳз ҳамон Маҳдӣ ки дар каромоти қадим ёдовар шудааст ва дар ислом пеш аз Рӯзи қиёмат навоварӣ меорад.

Барои озод кардани масҷид аз террористон, қувваҳои амнияти Арабистони Саудӣ ду ҳафта вақт сарф карданд. Дар натиҷаи ҷанг 255 нафар одам аз ҳарду тараф ҳалок гашт.

Пас аз тафтиш кардани ин воқеа, Ҷуҳайман ва даҳҳо ҳамсафони ӯро дар майдонҳои шаҳрҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар байни омма ба қатл расонданд (ба воситаи сарбӯрӣ)[2].

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 archINFORM (нем.) — 1994.
  2. Yaroslav Trofimov. (2007). The Siege of Mecca: The Forgotten Uprising in Islam's Holiest Shrine and the Birth of al-Qaeda. Doubleday. ISBN 978-0385519250. 

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]