Jump to content

Шамсиддин Солеҳов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсиддин Солеҳов
Шамсиддин Аслиддинович Солеҳов
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1959(1959-11-07) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)

Шамсиддин Аслиддинович Солеҳов (тав. 7.11.1959, д. Ғаззаи н. Панҷакент) — адабиётшинос, доктори илми филология (2012), профессор (2016). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шамсиддин Солеҳов солҳои 1979-1984 дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1984-1990 дар рӯзномаи “Ҳақиқат»-и н. Рӯдакӣ кор кардааст. Солҳои 1992-1995 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Баъдан, солҳои 1995 - 2012 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ба ҳайси корманди илмӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосир, муовини директор кор кардааст. Солҳои 2012 - 2016 Сардори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2016 ба ҳайси профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намуда, аз соли 2017 вазифаи мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ҳамин донишгоҳро ба уҳда дорад. Ӯ узви Итиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2017) ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020) мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шамсиддин Солеҳов муаллифи беш аз 70 мақола ва маърузаҳои илмист, ки дар ҳамоишҳои илмии ватанию байналмилалӣ ироа ва нашр гардидаанд. Соли 1997 рисолаи номзадиро дар мавзуи “Поэтикаи ҳикояи тољикии солҳои 70-80 садаи ХХ» ва соли 2012 дар мавзуи «Романи тоҷикии садаи ХХ (масъалаи ташакули жанр) рисолаи докторӣ дифоъ мамудааст. Самтҳои фаъолияти илмии ӯ таҳқиқу баррасии адабиёти муосири тољик ва нақди адабї аст.

  • Поэтикаи ҳикояи тоҷикии солҳои 70-80 (масъалаи замон ва макони бадеӣ). Д., 2009;
  • Адабиёт ва шинохти он. Д., 2010;
  • Романи тоҷикии садаи ХХ. Д., 2012;
  • Қуллапаймои сухан. Д., 2011;
  • Сад соли насри форсӣ. Д., (ҳаммуаллиф). Д., 2014

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ