Шарафиддин Ҳабибуллоев
Шарафиддин Ҳабибуллоев | |
|---|---|
| Шарофиддин Зуҳурович Ҳабибуллоев | |
| Таърихи таваллуд | 10 март 1959 (66 сол) |
| Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | тиб |
| Ҷойҳои кор | Диспансери онкологии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, муассисаи давлатии илмии саратоншиносии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, ИҶШС |
Шарофиддин Зуҳурович Ҳабибуллоев (10.03.1959, Душанбе) — доктори илми тиб (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1981 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намуда, ба ҳайси ординатори клиникии кафедраи онкологияи он фаъолияташро шурӯъ кардааст. Солҳои 1983-1986 аспиранти Маркази илмии онкологии Академияи илмҳои тибби СССР (ш. Маскав), 1986-1987 духтур-ординатори шуъбаи дуюми ҷарроҳии Диспансери онкологии ҷумҳуриявӣ, 1988-1994 ассистенти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 1995-2000 духтур-онкологи Беморхонаи марказии ш. Тошканд (Узбекистон) 2002-2004 корманди ширкати «Jackson Financial in vestments LLC», 2004-2009 духтур-ординатор ва духтур-ҷарроҳи муассисаи давлатии илмии саратоншиносии ҷумҳурӣ, 2009-2012 муовини директори Маркази илмии саратоншиносии Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 дотсенти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми тиб
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино