Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарифҷон Исмоилов (тав. 5.03.1928, шаҳри Истаравшан – ваф. 3.05.1992, шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1973), дотсент (1980).
Солҳои 1946–1948 курсанти мактаби милитсияи шаҳри Душанбе, 1948–1950 корманди милитсияи шаҳри Ленинобод, 1951–1952 донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ӯротеппа, 1952–1953 корманди адабии рӯзномаи «Роҳи социализм»-и шаҳри Ӯротеппа буд. Солҳои 1953– 1957 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1957–1959 ҳамчун методисти шуъбаи ғоибона, 1959–1971 муаллим, муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС, 1972–1992 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Муаллифи як рисола ва якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Оид ба барқарор ва мустаҳкам намудани ҳокимияти шӯравӣ дар Қаротегин ва Дарвоз корҳои илмӣ будааст. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Барои муваффақиятҳои аъло дар кор» сарфароз карда шудааст.
Ас.: Барқарор ва мустаҳкам шудани ҳокимияти советӣ дар Қаротегин ва Дарвоз, Д., 1977.