Шарофат Ғуломова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарофат Ғуломова
Шарофат Ғуломова
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1940(1940-09-10) (83 сол)
Зодгоҳ Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Шарофат Ғуломовадоктори илмҳои биологӣ (1998), профессор (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарофат Ғуломова факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин соли 1962 хатм карда, ба сифати ассистенти кафедраи зоологияи Институти педагогии шаҳри Бухоро фаъолияташро шурӯъ намудааст. Солҳои 1963-1991 лаборанти калон, ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва ҳамзамон солҳои 1986-1991 дотсенти кафедраи физиологияи эътимолии ДДТТ ба номи Ибни Сино, 1991-2000 дотсент ва мудири кафедраи физиологияи эътимолии Институти давлатии тиббии шаҳри Бухоро, 2001-2002 профессори кафедраи физиологияи эътимолии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, 2003-2004 корманди Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳои ҷумҳурӣ, 2004-2006 профессори кафедраи физиологияи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур кор кардааст. Аз соли 2006 вазифаи профессори кафедраи озмоиши тиббии Донишкадаи баъдидипломии такмили ихтисоси кормандони тиббии Тоҷикистонро адо намудааст. Оид ба раванди муътадилшавии системаи маҳфуздорандаи муовзанаи обу намак ба шароити баландкӯҳ, таъсири денерватсияи васеи гурда бо фаъолияти митозии он дар раванди гипертрофияи талофӣ таҳқиқот анҷом додааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Методические указания по «Анатомии человека». – Д., 1986;
  • Физиологияи хоб. Дастури таълимӣ. – Д., 2005;
  • Механизм регуляции водно-солевого обмена и функции компенсаторно-гипертрофирующейся почки в условиях высокогорья. – Д., 2005.