Шаҳноза Неъматова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳноза Неъматова
Шаҳноза Рӯзиевна Неъматова
Таърихи таваллуд: 1978(1978)
Зодгоҳ: Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих (2018),
Алма-матер: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Шаҳноза Неъматова (тав. 1978, ш. Душанбе) — иқтисодшинос, муаррих, мутахассиси сохаи муносибатхои байналмилали, номзади илмҳои таърих (2018)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳноза Неъматова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва қарз (2000) аст. Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардааст (Москва, 2010) Вай аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст (2004) ва дар аспирантураи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таҳсил кардааст (2010-2013). Ӯ бо ҷоизаи Ректори якуми Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мукофотонида шудааст (2010). Номзади илмҳои иқтисодӣ аз соли 2006 Номзади илмҳои таърих аз соли 2018. Фаъолияти кориашро аз ассистенти аудиторҳои байналмилалии лоиҳаи рушди байналмилалӣ (IDP.Srl) оғоз намуда, сипас ба ҳайси ёрдамчии мушовирони байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва аудит дар Фонди маблағгузории иҷтимоии Тоҷикистон (TASIF) ва Лоиҳаи барқароркунии пас аз низоъ (PCERP), кор кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз моҳи июли соли 2000 то январи соли 2002 ба ҳайси муаллим дар кафедраи молия ва қарзҳои ДМТ кор кардааст.Солҳои 2002-2015 дар системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2003 то 2014 ба ҳайси роҳбари Дафтари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (Москва) кор кардааст. Бо Ифтихорномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия сарфароз гардонида шудааст (2014).Аз соли 2014, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи ДСРТ мебошад. Муаллифи як қатор мақолаҳо дар бораи иқтисод, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ аст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]