Jump to content

Бухоро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шаҳри Бухоро)
Шаҳр
Бухоро
ӯзбекӣ: Buxoro
39°46′29″ с. ш. 64°25′43″ в. д.HGЯO
Кишвар Ӯзбекистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 500
Масоҳат
  • 39,4 км²
Баландии марказ 225 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ Бухороиҳо
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 2001ХХ

bukhara.gov.uz
Бухоро дар харитаи
Бухоро
Бухоро
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бухоро — яке аз шаҳрҳои қадим дар Ӯзбекистон буда, таърихи зиёда 2500-сола дорад. Аксари мардуми ш. Бухоро пайрави дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Тақрибан дар асрҳои V—IV пеш аз милод номи ин шаҳр «Бухо» «Буғо» ҳисоб меёфт.

Дар асрҳои IV—V ба ҳайати хонигарии Боғдар ин шаҳр дохил мешуд. Арабҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда, ин шаҳрро ба ҳайати худ дохил мекунанд.

Маъмуран шаҳри тобеи вилоятӣ, маркази маъмурии вилояти Бухоро.

Таърихи Бухоро

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бухоро пойтахти пуршукӯҳи Сомониён ва муҳимтарин шаҳри Мовароуннаҳр дар поёноби рӯди Зарафшон (қаблан рӯди Суғд), имрӯза дар ҷануби ғарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст.

Ҷуғрофинигорони садаи чаҳорум ҳиҷрии қамарӣ (минбад — ҳ. қ.) васфи ҷомеа аз Бухороро ба даст додаанд. Ба гуфтаи онон, ин шаҳр дар дашти ҳамвор ва бағоят сарсабз қарор дошт. Хонаҳо аз чӯб ва ба ҳам пайваста буд ва дар атрофи онҳо қасрҳо ва кӯшкҳо, боғҳо, маҳаллаҳо ва деҳаҳо чунон пайваста ва наздик буд, ки дар он миён вайрона ва фазои холӣ дида намешуд. Масоҳати ин минтақа ба дувоздаҳ дар дувоздаҳ фарсах мерасид, ки бар гирдогирди он девори бузург кашида шуда буд.

Истахрро аз понздаҳ русто ва ноҳия, ки даруни ин девор ва ҳафт русто, ки дар беруни он ҷой доштаанд ном бурдааст. Шаҳри Бухоро Нумиҷкат ё Нумуҷкас хонда мешуд, ки қасабаи курраи Бухоро буд. Пештар Ромтин, ки деҳе бо куҳандези бузург ва қадимтар аз шаҳри Бухоро буд, қароргоҳи подшоҳон буд. Бо шаҳр шудани Бухоро Ромтин аз равнақ афтод ва ба сурати қароргоҳи зимистонии онон даромад ва баъдан перомуни он хароб шуд.

Девори «Кампирак»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шаҳри Бухоро то дарвозаи девори перомуни Бухоро ва ободиҳои атроф се фарсах роҳ будааст. Ба ривояти Масъудӣ ин деворро яке аз подшоҳони Суғд дар аҳди Бостон барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз ва ғорати қабилаҳои Турк бино карда будааст. Ин девор пас аз он, ки ба дасти Абулаббос Фазл ибни Сулаймони Тӯсӣ, амири Хуросон (166—171 ҳ. қ.) вайрон гардид, дар замони Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ (158—169 ҳ. қ.) бозсозӣ шуд. Бо вуҷуди ин, Қубовӣ, мутарҷими таърихи Бухоро, ба нақл аз «Хазоин-ул-улум»-и Абулҳасани Нишопурӣ бинои ин деворро, ки мардум «Канпарак» («Канпарак») мехондаанд, дар аҳди мутааххир аз он замон ва ба дасти Абулаббоси Тӯсӣ ёд кардааст. Ба гуфтаи вай, дар соли 166 ҳ. қ., ки Абулаббос аз тарафи Маҳдӣ, халифаи Аббосӣ, ба аморати Хуросон расид ва дар Марв мустақар шуд, ба дунболи шикояти бузургони Бухоро аз тохту този қабоили Турк амири Бухоро Мӯҳтадӣ ибни Ҳаммоди Зуҳалиро маъмур сохт, то перомуни Бухоро ва рустоҳои он, боруе (деворе) ба шакли боруи Самарқанд, ки дар замони пеш аз Ислом ба дасти зане аз подшоҳони Суғд сохта шуда буд, бисозад. Мӯҳтадӣ низ дастур дод дар ҳар фарсанг як дарвоза ва дар ҳар ним мил бурҷи устувор бисозанд. Назорат бар сохти девор ба қозии Бухоро Саъд ибни Халафи Бухорӣ вогузор шуд ва дар 215 ҳ. қ. кор ба поён расид. Ба ҳар рӯй, бар асоси гуфтаи Масъудӣ, ҷойи ин суол боқӣ аст, ки оё бинои ин девор ба бозсозии боруи қадим бозмегардад ва ё он ки бинои нав ба шумор меояд, зеро биноҳое аз ин навъ — чунонки аз васфи Истробун аз иқлими Марғиёна (Марви кунунӣ) ба даст меояд — аз аҳди бисёр қадим дар Осиёи Миёна вуҷуд доштааст.

Таъмир ва нигаҳдории ин девор хазинаи молӣ ва нерӯи инсони зиёдеро талаб мекард, ки мебоист мардуми Бухоро таъмин мекарданд. Аз ин рӯ, дар замони амир Исмоил ин кор мутаваққиф ва девор хароб шуд, зеро вай роҳи дифоъ аз Бухороро ҷиҳоди мустамир бо душманон медонист. Ба ғайр аз девори бузурги дашти Бухоро девори дигаре низ перомуни шаҳри Бухоро ва қасрҳову хонаҳо, кӯшкҳо ва боғҳои он, ки сокинони доимиро дар худ ҷой медод, кашида шуда буд, ки масоҳати он ба як фарсах дар як фарсах мерасид. Ин девор, ки дар таърихи Бухоро аз он ба «Рабз» ёд шуда, мегӯянд, дар соли 235 ҳ. ба амри Аҳмад ибни Холид амири Бухоро ва барои эминӣ аз дуздони шаб бо бурҷҳо ва дарвозаҳое сохта шуд, ки дар садаҳои баъд дар асари лашкаркашиҳо борҳо вайрон ва бозсозӣ гардид.

Дар даруни ин девор шаҳри аслӣ (Шористон ё худ Шаҳристон) бо боруйи устувор ва ҳафт дарвозаи оҳанин қарор дошт. Масҷиди Ҷомеъ дар дохили шаҳр, наздики дарвозаи Куҳандиз (Куҳа диж, дар арабӣ Қуҳандуз) воқеъ буд. Бар хилофи бисёре аз дигар шаҳрҳо Куҳандизи Бухоро даруни Шаҳристон набуд. Ин Куҳандиз ба густураи як шаҳрак, дар беруни Шаҳристон ва часпида ба он қарордошти аз ҳамон оғози маҳал сукунати амирони Сомонӣ буд. Илова бар кохи амирони Сомонӣ зиндонҳо низ дар қалъае дар Куҳандиз воқеъ буд ва миёни Куҳандиз ва Шаҳристон дар наздикии масҷиди ҷомеъ коргоҳи бофандагии Бухоро қарор дошт. Ба гуфтаи Нуршахӣ, Куҳандиз (Ҳисор) аз қадим маҳалли кохи подшоҳон, манозили умаро ва сарҳангон, девонҳои давлатӣ, хизона ва хонаҳои шоҳӣ (сарои Ҳарам) будааст. Куҳандиз ду дарвоза дошт, дар Регистон (Боб-ус-саҳла) ва дар ҷомеъ, ки ба самти масҷиди ҷомеъ боз мешуд. Куҳандиз чандин бор дар садаҳои шашум ва ҳафтуми ҳ. қ. пас аз тахриб бозсозӣ шуд. Бо ин ҳол ҳамчунон аз давраҳои нахуст то ба имрӯз дар ҷои худ яъне шарқи майдоне, ки ҳанӯз ба унвони Регистон шинохта мешавад, боқӣ аст.

Рабзи густурда ва мустаҳкам, ки ҳавмаи шаҳрро ташкил медод, бахши дигаре аз Бухоро буд. Гуфта мешавад ин Рабз миёни Шаҳристон ва деворе, ки дар давраи Исломӣ сохта шуда, воқеъ будааст. Рабз дарвозаҳое (Дуруб) ва ба муносибати онҳо маҳаллаҳое чанд дошт, ки номи онҳо дар манобеъ ёд шудааст. Бозорҳо дар дохили Рабз ҷой дошт ва дорои дарҳое буд, аз ҷумла ду дар, ки ба сӯи масҷиди Мох боз мешуд, дари наздики қасри Абӯ Ҳошими Кинонӣ, дарвозаи Форҷак, ва дари Куймағон. Сохтмонҳо аз ҳадди маҳаллаҳои Рабз ҳам гузашта ва даҳ маҳаллаи дигар сохта шуда, ки ба ин маҳаллаҳо пайваста буд. Номи баъзе аз ин маҳаллаҳо бо гузашти замон тағйир ёфта буд. Илова бар қасри Куҳандиз пеш аз Ислом подшоҳони Бухоро дар Регистони муқобили Куҳандиз саройҳое доштанд. Дар рӯзгори Сомониён Наср ибни Аҳмад дар он ҷо як қасри бошукӯҳ ва маҳалҳое барои даҳ девони кишварӣ бино кард, ки номҳои онҳо тавассути Наршахӣ кӯр шудааст. Ин кох дар замони аморати Мансури I ибни Нӯҳ дар оташ сӯхт, вале ба гуфтаи Мақдисӣ, Дор-ул-Мулк ҳанӯз дар Регистон барпо будааст. Ба назар мерасад дар замони Сомониён қасри дигаре бар Ҷӯйи Мӯлиён дар самти шимоли Куҳандиз ва Регистон дур набуд, вале пас аз заволи Сомониён ба вайронӣ рӯй овард. Дар замони аморати Мансури I ибни Нӯҳ намозгоҳи ҷадиде низ сохта шуд, зеро Регистон наметавонист ҳамаи ҷамъияти намозгузоронро дарбар гирад. Намозгоҳи ҷадид дар соли 360 ҳ.қ. дар ним фарсахи Куҳандиз, канори ҷодае, ки ба тарафи рустои ҳар ду самт мерафт, сохта шуд. Дар Шаҳристон ва Куҳандиз аз сабаби баландии мавқеашон об ҷараён надошт.

Бинобар ин метавон ташхис дод, ки кадом қисмати аз шаҳри ҷадид бо «Шаҳристон»-и қадим мутобиқат дорад. Тибқи нақшае, ки Хоникӯф ба даст дода, ин бахш муртафаъи шаҳр ҳудуди ду баробар бузургтар аз Куҳандиз будааст. Об мавриди ниёзи дигар нуқот, аз рӯди бузург (Зарафшон) ки аз Самарқанд ҷараён меёфт, таъмин мешуд ва ҷӯйҳое аз он дар шаҳр сарчашма мегирифт, ки ба гуфтаи Наршахӣ бархе аз онҳо дар давраҳои пеш аз Ислом сохта шуда буд. Бисёре аз номҳои он шуъбаҳо то кунун боқӣ мондааст.

Табиат ва зиндагии сокинон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Интиҳои рӯди Зарафшон аз миёни Рабз ва бозорҳои он мегузашт ва ба осиёҳо ва киштзорҳо мунтаҳо мешуд ва поёноби он дар обгире, ки то Фирабр ҷорӣ шавад, паҳн шуда ва «Сомхош» ном дошт, мерехт. Заминҳои Бухоро ҳама аз оби ин рӯд баҳраманд мешуд. Хонаҳои деҳаҳои Бухоро ба ҳам пайваста, ба андоза ва аз сатҳи замин баланд. буд. Дар даруни Бухоро кӯҳ ва биёбон набуд ва наздиктарин кӯҳ ба он ҷо Варака ном дошт, ки санг барои сангфарши сохтмонҳои шаҳр ва низ гил барои сохтани зуруф ва оҳак ва гаҷро низ аз он ҷо меоварданд. Дар хориҷи боруи Бухоро маъданҳои намак қарор дошт, ва ҳезум барои сӯхт аз боғҳо ва саҳроҳо фароҳам мешуд.

Муқоисаи гузоришҳои ҷуғрофинигорони мусулмон бо васфи шаҳри ҷадид, ки ба вижа дар асари Хоникӯф омадааст, ба хубӣ нишон медиҳад, ки дар Бухоро бар хилофи Марв, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо, дар айни васеъгардонии масоҳати шаҳр, ҷобаҷогузорӣ ба хубӣ сурат нагирифта ва шаҳр пас аз вайронӣ ҳамеша дар ҳамон ҷо ва дар ҳамон шакл садаи саввуми қамарӣ бозсозӣ шуда ва боқӣ мондааст.

Шаҳри Бухоро бо ҳавои намноки худ пурсохтмонтарин ва аз лиҳози вусъат пурҷамъияттарин ва ободтарин шаҳр дар саросари Хуросон ва Мовароуннаҳр буд ва ҳар рӯз густариши бештар меёфт. Мақдисӣ машрӯҳтарин васфро аз зиндагии шаҳр дар онҷо ба даст додааст. Ба гуфтаи вай, Бухоро шаҳре будааст бо хиёбонҳо ва бозорҳои фарох, ҳаммомҳои некӯ, оби сабук, хӯрокҳои гуворо, меваҳои бисёр ва зиндагии роҳат. Мардум сахт ба маҷолис ва гирдиҳамоиҳо пойбанд будаанд ва тӯдаи мардум бо илму адаб сарукор доштаанд. Молиётситон ва ушриягир дида намешуд ва ҳама аз доду гири амир хушнуд буданд ва дар амнияту осоиш зиндагӣ мекарданд. Бо ин ҳол, вай он ҷоро аз лиҳози олудагӣ чун Фустот ва дар меъморӣ, тангии хонаҳо ва фаровонии балкунҳо чун Димишқ хондааст. Дар он ҷо оташсӯзи бисёр, бӯйи уфунат, пароканда ва фасоди ҷинсӣ ошкор буд. Мардумоне ба Бухоро муҳоҷират карда буданд, ки фасоду бадмуомилагиро ошкор, ва риборо мубоҳ карда ва дар ҷамоот сустӣ меварзиданд. Насли нав падид омада буданд, ки ҳарир ва дебо мепӯшиданд ва дар зарфҳои тило ва нуқра мехӯрданд ва дар амри дин бетаваҷҷуҳ буданд. Изҳороти Мақдисӣ дар ҳудуди солҳои 370 ҳ.қ. бо матолиби фақеҳи Ҳанафӣ Абу Лайси Самарқандӣ (373 ҳ.қ) дар «Бустон-ул-орифин» ва «Танбеҳ-ул-ғофилин», дар ишора ба ривоҷи фасод ва бебандубории иҷтимоъӣ дар охирҳои давраи Сомониён ҳамхонӣ дорад.

Бархе аз ин мушкилоти шаҳрӣ аз бадви истиқрори Сомониён таваҷҷуҳ ҷалб мекард. Амир Исмоил ибни Аҳмад тангӣ ва касифии дохили Бухороро дар муқоиса бо назоҳат ва хуррамии атрофи он чун одаме дониста, ки даруни зишт ва зоҳири зебо дорад. Ин масъала дар шеър низ ифода ёфтааст. Аввалин касе, ки дар ҳаҷв ва накӯҳиши Бухоро, васфи тангӣ ва касифии он сухан гуфт ва дигарон аз ӯ пайравӣ карданд, Абӯ Таййиби Тоҳирӣ буд. Ӯ гуфтааст: «Бухоро аз Хироъ (касофат) аст ва дар маҳдудаи он (ҳудуд, ба маънои саросари он) чизи пок ва тамйизе ёфт намешавад ва иқомати амир дар он ҷо танҳо мояи фахри заифон аст». Ҳам ӯ гуфтааст: «Бухоро! Эй зани зиштрӯй, ҳама чизи ту вожгун аст». Абу Аҳмад ибни Абу Бакри котиб низ гӯяд: «Агар аспи асил ба Бухоро дарояд, улоғ шавад!».

Истифода аз чӯб дар сохти хонаҳои Бухоро ва пайвастагии онҳо, ки пеш аз ин ёд шуд, боиси ҳодисаҳои пайдарпайи сӯхтор мешуд, ба гунае, ки Мақдисӣ инро аз уюби аслии шаҳри муҳим чун Бухоро донистааст. Пеш аз истиқрори амир Исмоил ибни Аҳмад дар Бухоро, дар ҷараёни ҳамлаи Ҳусайн ибни Тоҳири Тор дар соли 260 ҳ.қ. шаҳри Дастихуш қатлу ғорат шуд ва бахши васеъе (ду донг) аз он сӯхт. Абубакри Наршахӣ аз ду оташсӯзи азим дар ҳудуди 314 ҳ.қ. ва дар раҷаб 325 ёд карда, ки маҳаллаи Гардункушон ва маҳаллаи Дарвозаи Самарқандро ба коми худ гирифт ва дар ҳодисаи ахир, тимчаҳои бозор, мадрасаи Форҷак ва масҷиди Моҳ, ҳама сӯхт.[2]

Инҷоро ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Бухоро дорад
  1. Новые автомобильные номера Узбекистана. Справочник Узбекистана — Золотые Страницы. 9 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2012.
  2. Васфи шаҳри Бухоро(пайванди дастнорас)