Шерозбофӣ
Шероза (шероз, ҷиҳак, ҷияк )- дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз як ҷузъи дигари сарулибос - шероза маъмулу машҳур аст, ки бо нақшҳо ва мавриди истифодаи худ дар санъати гулдӯзӣ мавқеи хос дорад. Шероза вобаста ба таъйинот, дарозиву бар ва нақшу нигораш фарқ мекунад. Онро одатан барои ороиши доман, гиребон ва лаби сарулибоси занонаву мардона, тоқӣ, ҷиҳози рӯзгор (чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғайра) истифода мебаранд. Замини шерозаро аввал дар дастгоҳи махсус аз риштаи сафед ё сиёҳ мебофанд ё замини онро аз матоъи дурушти мустаҳкам таҳия мекунанд. Сипас, онро бо чангак (сих) ё сӯзан гулдӯзӣ менамоянд. Дар гулдӯзии шероза анъанаҳои қадими нақшҳои мураккаби ҳандасӣ, аз қабили тӯморӣ, шона, ислимӣ ва ғайра нигоҳ дошта шуда, нақшҳо ба мазмун мутобиқанд.
- Шероза: ҳошия, зеҳе, ки ба даври тоқӣ, бари ҷома, гирди остин ва ғайра медӯзанд; *Тироз зеҳи зинат, ки дар ҳошияи доман, гиребон ва ғайра дӯхта мешавад; зебу зинат, ороиш.
- Шерозадӯз - он, ки шероза медӯзад.
- Шерозадӯзӣ - амали шерозадӯз.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шерозбофӣ. 13 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |