Устод Шодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шодии Ҳиравӣ)
Устод Шодӣ

Устод Шодӣ (1441—1506, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Ҳунари мусиқиро аз устодони номии замон, назарияи онро аз Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон омӯхтааст. Устод Шодӣ дар сурудхонӣ маҳорати баланд дошта, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро моҳирона месуруд.

Аз асарҳои ӯ махсусан 12 нақш, ки ба усули мақоми «Ироқ» эҷод кардааст, дар инкишофи мусиқии асри 15 мавқеъи бузург дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Устод Шодӣ / А. Раҷабов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).