Jump to content

Туғрал Шокиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шокиров Туғрал)
Туғрал Шокиров
Шокиров Туғрал Сироҷович
Туғрал Шокиров, соли 2015
Туғрал Шокиров, соли 2015
Таърихи таваллуд 4 феврал 1953(1953-02-04) (71 сол)
Зодгоҳ д. Хистеварз, ноҳияи Ғафуров, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1974)
Ҷоизаҳо

Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1987)
медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988)
медали «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000)

«75-солагии милитсияи тоҷик» (2000)
«10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон» (2003)
«80-солагии милитсияи тоҷик» (2005)
ордени «Барои илм ва меҳнат» (Германия-Россия-Англия) (2014)

Туғрал Шокиров (Шокиров Туғрал Сироҷович) — академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия (2013), доктори илмҳои филология (2011), профессор (2003)[1], полковники милитсия (2003); «Аълочии милитсияи Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2012), Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия (2012)[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Туғрал Шокиров 4 феврали соли 1953 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафурови вилояти Ленинобод дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми мактаби миёнаи № 34-и ноҳияи Хуҷанд ба шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1974 онро ба итмом расонида, барои кор ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ) роҳхат гирифт.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1974—1983 муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири илмӣ, муҳаррири калони илмии ЭСТ буд. Солҳои 1983—1986 аспиранти ДДТ ба номи В. И. Ленин, 1986—1987 муҳаррири калони илмии ЭСТ, 1987—1992 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, март-сентябри 1992 дотсенти ҳамин донишгоҳ.

Аз октябри 1992 то майи 1993 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,1993-1995 муовини декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур, марти 1995-майи 1997 сардори кафедраи улуми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, майи 1997-марти 1999 Сардори қисми таълим, марти 1999-июни 2002 муовини аввали сардори факултаи 4-уми (филиали хуҷандии)Академияи ВКД ҶТ оид ба қисми таълиму илм, июни 2002-октябри 2003 профессори кафедраи улуми иҷтимоииёту иқтисодиёт, октябри 2003—2012 муовини аввали Сардори факултаи 4-уми (Хуҷандии) Академияи ВКД ҶТ ва дар як вақт профессори муштараквазифаи (аз 2003- то имрӯз) кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров буд. Аз августи 2012 мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон аст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Туғрал Шокиров дар соҳаҳои илму фарҳанг, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хидмат намуда, дар давоми фаъолияти худ 12 рисола, 8 дастури таълим, 4 луғат, бештар аз 800 асару мақола ба табъ расонидааст. Асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошад. Асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика оиданд. Осораш дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, дарӣ чоп шудаанд. Соли 1987 дар мавзӯъи «Хусусиятҳои забон ва услуби асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» рисолаи номзадӣ, соли 2011 дар мавзӯъи «Пайдоиш ва инкишофи истилоҳоти ҳуқуқ дар забони тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Аз 1982 узви Иттифоқи Журналистони ИҶШС. Иштирокчии конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқист.

Хидмати низомӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хидмати ҳарбӣ кардааст, ҷанговари байналмилалист.

Туғрал Шокиров бо медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1987)

  • Медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988)
  • Медалҳои «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000)
  • «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон» (2003)
  • «80-солагии милитсияи тоҷик» (2005)
  • ордени «Барои илм ва меҳнат» (2014;Германия-Россия-Англия) ва 62 ифтихорномаю ташаккурномаи давлатӣ, вазоратӣ, шаҳрӣ, муассисавӣ мукофотонида шудааст
  • Барандаи ҷоизаи вилояти Суғд ба номи академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм (2014) барои китоби «Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ»
  • Барандаи чоизаи байналмилалии "Медали тило"-и Намоишгоҳҳои Москва(ВДНХ, 2017)
  • Франкфурти сохили Майн (Германия, 2018)
  • Париж(2018) ва Барселона(2018) барои китоби "Лингвистическое изучение юридических терминов".- Хуҷанд: Дабир, 2017.-364с.
  1. Модарнома дар адабиёти тоҷик.- Душанбе: Маориф, 1981, — 216 с.
  2. Суханвари нексияр. — Душанбе: Дониш,1987, — 74 с.
  3. Суфтагари дурри маънӣ. — Душанбе,1994, — 86 с.
  4. Мушкилоти имло. — Хуҷанд,1995 (ҳаммуаллиф), — 76 с.
  5. Адиб, забон ва услуб. — Душанбе: Адиб, 2003, — 168 с.
  6. Аломатҳои китобати забони адабии ҳозираи тоҷик. — Хуҷанд, 2005; 2010, — 86 с.
  7. Истилоҳоти ҳуқуқшиносии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ. — Хуҷанд, 2008, — 118 с.
  8. Истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ дар «Авесто». — Хуҷанд, 2008, — 72 с.
  9. Термины мусульманского право в таджикском языке (юрислингвистическое исследование). — Душанбе: Дониш, 2010, — 116 с.
  10. Таджикская юрислингвистика, её задачи и перспективы. — Душанбе: Дониш, 2011, — 181 с.; Москва: Наука, 2011, — 189 с.
  11. Луғати тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ. — Хуҷанд, 2011, — 368 с.
  12. Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ. — Хуҷанд: Наргис, 2012, — 398 с.
  13. Забон ва юрислингвистикаи тоҷик. — Хуҷанд: Андеша,2013, — 216 с.
  14. Забони адабии ҳозираи тоҷик(Синтаксиси ҷумлаҳои сода). — Хуҷанд, 2013, — 118 с.
  15. Забони адабии ҳозираи тоҷик,қисми1. — Хуҷанд, 2013, — 126 с.;
  16. Юрислингвистическое изучение юридических терминов. — Palmarium Akademik Publishing. Германия, 2013, — 376 с.
  17. Забони адабии ҳозираи тоҷик,қисми 2. — Хуҷанд, 2014;
  18. Забони тоҷикӣ (Дастури таълим барои донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ; дар ҳаммуаллифӣ). — Хуҷанд, 2014, — 125 с.
  19. Наҳви ҷумлаҳои мураккаб. — Хуҷанд: Андеша, 2014. — 154 с.;
  20. Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ. — Хуҷанд: Андеша, 2015. — 82 с.
  21. Забони тоҷикӣ. — Хуҷанд: Андеша,2015. — 333 с.
  22. Забони тоҷикӣ дар слайдҳо (Наҳвиёт). — Хуҷанд, 2016. — 165 с.
  23. Лингвистическое изучение юридических терминов.- Хуҷанд: Дабир, 2017.-364с.
  24. Забон-рукни давлат.- Хуҷанд: Дабир, 2018.-235с.
  1. ТГУПБП. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон(тоҷ.). www.tsulbp.tj. 7 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Шокиров Туграл Сироджович - Известные ученые. www.famous-scientists.ru. 7 июли 2017 санҷида шуд.