Шомуқим Саидиброимов
Шомуқим Саидиброимов | |
|---|---|
| Шомуқим Саидисмоилович Саидиброимов | |
| Таърихи таваллуд | 9 август 1982 (43 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Роштқалъа, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | философия |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
| Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ |
Шомуқим Саидисмоилович Саидиброимов (тав. 09.08.1982., ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), омӯзгори фанни фалсафа, диншиносӣ, номзади илмҳои фалсафа (2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шомуқим Саидиброимов хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе (2007), курси забономӯзӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (2012-2015), унвонҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (2015-2018), ҳуқуқшинос дар ташкилоти ғайридавлатии «Лоҷвар» (2008- 2017), омӯзгори кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (аз соли 2018). Дар мавзуи «Проблема соотношения философии и религии в учении Насира Хусрава» (2019) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дотсенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2021).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ