Шох (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шох, Шохи гов

Ду сардор – мирҳо баъди қуръапартоӣ бо тоқӣ навбати бозиро муайян мекарданд. Мири навбатгирифта ба ёронаш, ки гирди ӯ ҷамъ омадаанд, рӯй меовард. Ёрон мепурсид: – Чанд қадар ғанак? – Ин қадар ғанак, - мир бо дастонаш шакли парандаеро тасвир менамуд. – Сари ҳарфаш чӣ? – боз мепурсиданд ёрон. – Сари ҳарфаш “Б”. – Булбул, - мегуфтанд ёрон. Агар номи парандаи пинҳонкардашуда, дар воқеъ, булбул бошад, ёрони мири дастаи дигар хеста мегурехтанд. Бозигарони дастаи якум онҳоро таъқиб карда, бо тоқиашон мезаданд. Дар Истаравшан, Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Амонов Р. Аз паи ҳикмати халқ. Д., 1963; 2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976; 3.Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 206