Шоҳвалӣ Таронасоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳвалӣ Таронасоз
Таърихи таваллуд 11 декабр 1927(1927-12-11)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2007
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1963
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, овозхон

Шоҳвалӣ Таронасоз (форсӣ: شاه ولی ترانه ساز‎; 11 декабр 1927, Бадахшон2007, Калифорния) — мусиқидон, оҳангсоз ва овозхони аҳли Афғонистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳвалӣ Таронасоз соли 1927 дар Кобул ба дунё омадааст[1]. Падараш Шоҳмуҳаммад Валихони Дарвозӣ, аз ҷумлаи машрутахоҳон, вазири хориҷа ва ноибуссалтанаи шоҳ Амонуллоҳхон буд, ки дар замони ҳукумати Нодирхон ба ҷурми озодихоҳӣ ва ҳамкорӣ бо Амонуллоҳхон маҳкум ба эъдом шуд.

Шоҳвалӣ Таронасоз асосҳои мусиқиро дар айёми ҷавонӣ назди устод Қосим фаро гирифт.

Шумори зиёде аз овозхонони саршиноси Афғонистон аз ҷумла Маҳваш, Аҳмад Валӣ, Парасту, Салмо, Ҳангома ва Ҳайдар Салим, бо оҳангҳои сохта Шоҳвалии Таронасоз, овоз хондаанд[2].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Устод Таронасоз дар 11 декабри соли 2007 дар иёлати Колифорниё ба ъумри 81-солагӣ даргузашт[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. احمر. استاد شاه ولی ولی «ترانه ساز»، هنرمند آزادیخواهی که جایش خالیست(форсӣ). www.hambastagi.org. 18 августи 2023 санҷида шуд.
  2. سيما شادان. خاطره ها و ترانه ها - مهمان اين هفته: شاه ولی ترانه ساز. www.bbc.com. BBCPersian.com (4 Январ 2006). 18 августи 2023 санҷида шуд.
  3. رحمت الله بیژنپور. استاد شاه ولی ولی معروف به ولی ترانه ساز در گذشت. www.khorasanzameen.net. Khorasan, land of the sun خراسان، سرزمین خورشید. 18 августи 2023 санҷида шуд.