Шоҳид, Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ
Зоҳир
Шоҳид Муҳаммадшоҳи Самарқандӣ (қарни XVII, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шоҳид аз ҷавонӣ бо Малеҳои Самарқандӣ шинос шудааст. Ӯ марди хуштабъу зариф ва хушсуҳбат буда, дар ҳаҷву мутоиба истеъдоди баланд доштааст. «Дар бадеҳаву ҳаҷву ҳиҷо, — навиштааст Малеҳои Самарқандӣ, — ба навъе хотираш роғибу моил аст ки ҳама кас ба у қоил аст…». Шоҳид гоҳо ба тақозои эҳтиёҷоти зиндагӣ ба мадҳи аҳли давлат низ рӯ овардааст.
Дар «Музаккиру-л-асҳоб» аз осори ӯ фақат ин байти матлаъ зикр шудааст.
Аз дидаам сиришк наранҷида рафтааст,
Бе оразат гиристан аз дида рафтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоҳид / С. Саъдиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Суханварони сайқали рӯйи замин. Д.,1973