Шоҳмансур (бозор)
«Бозори Шоҳмансур» (маъруф ба «Бозори Зелёний» аз русӣ: «Зелёный базар») — яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе то соли 2017, дар чорроҳи кӯчаҳои Лоҳутӣ ва Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир шуда буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Қитъаи замин барои сохтмони бозор бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии меҳнаткашони шаҳри Сталинобод 24 майи 1948 ҷудо карда шуд. Аз охири солҳои 30–ибтидои 40-ум дар мавзеи имрӯзаи бозор корвонсарой ташкил ёфт. Аз ҳамон вақт дар ин ҷо савдои моли мавриди ниёзи мардум равнақу ривоҷ дошт. Таҳияи тарҳи умумии бозор, нақшаи ҷойгирониро меъморону лоиҳакашони пойтахт анҷом доданд.
Масоҳати умумии бозор – 3,71 га буд. «Шоҳмансур» 726 ҷои савдо, 400 нуқтаи савдо, аз ҷумла 320 мағозаи хӯрокворӣ, 70 дукони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 19 нуқтаи хӯроки умумӣ, 72 мағозаи саноатӣ, 2 мағозаи мебел дошт. Ҳоло лоиҳаи тармими бозор ва майдону нуқтаҳои савдо тибқи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт таҳия гардида, баҳри иҷрои он силсилаи корҳо ба анҷом расонида мешаванд.
Барҳамдиҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 11 октябри соли 2017 бо имзои як қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз 9 октябри 2017 Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуд[1]. Фурӯшандаҳо пас аз барҳам додани бозори Шоҳмансур ба бозори «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90») кӯчонида шуданд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №591 аз 09.10.2017. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. dushanbe.tj (11 октябри 2017). 7 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2018.
- ↑ Бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт расман барҳам дода шуд | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). Бойгонӣ шудааст 17 октябри 2017 сол. Проверено 7 феврали 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоҳмансур // Донишномаи Душанбе. — Душанбе: СИЭМТ, 2016, — С. 711. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.