Шоҳ Абдуллоҳи Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: | 1874 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1909 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | адиб, шоир |
Шоҳ Абдуллоҳ Бадахшии Ямгӣ (форсӣ: شاه عبدالله بدخشی یمگی[1] 1874, Ҷурм, вилояти Бадахшон — 1909, Кобул) — шоир, муҳаққиқ ва яке аз намояндагони аҳли илму адаби Афғонистон[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоҳ Абдуллоҳи Бадахшӣ дар соли 1874 дар Ҷурми Бадахшон дар хонадони Муҳаммад Сайидхон ба ба дунё омадааст[3]. Вай таълимоти нахустро то синфи чаҳорум дар мактаби рушдияи зодгоҳаш фаро гирифт, сипас муқаддамоти забони арабӣ ва улуми диниро омӯхт ва ҷиҳати омӯзиши бештар раҳсипори Кобул гардида ва дар Летсейи Ғозӣ шомил шуд.
Бори нахуст дар соли 1891 ба ҳайс хизонадор Ҷирм, корманди гумрук дар Зебок ва Толиқон ба кор гумошта шуд ва пас аз як сол дар риёсати танзимаи вилояти Қатаған ва Бадахшон ба китобат гумошта шуд. Дар соли 1894 дар онҷо мудири таҳрирот шуд. Дар сол 1898 садриаъзами кишвар ӯро ба Кобул фаро хонд ва Шоҳ Абдуллоҳ то соли 1906 дар садороти узмо вазифаи мудирият дошт.
Вай аз факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул фориғуттҳсил шуд. Чанде баъд узви Анҷумани адабии Кобул гардид. Вай ба забонҳои дарӣ, пашту, урду, арабӣ ва инглисӣ ошноӣ дошт ва дар миёни равшанфикрон аз маҳбубият зиёде бархурдор буд.
Зиндон ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ямгӣ пас аз барканори Амонуллоҳхон, ба ҷурми тарафдорӣ аз ӯ, дар Хонобод зиндонӣ шуд. Баъд аз он солҳо дар табъид ба сар бурд ва дар солҳои поёни умр, ба бемории сил мубтало шуд, барои дармон ба Ҳинд сафар кард ва чанд бор ҳам дар шифохонаи Алиобод бистарӣ гардид ва дар сол 1909 дар синни 36-солагӣ даргузашт.
Шоъирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ямгӣ монанди соири удабои Бадахшон завқи шеърӣ ҳам дошт.
Ғайри ман ҳеч касе ташнаи дидори ту нест,
Ошиқи мӯйи миёну гули рухсори ту нест.
Лола танҳо набувад хунбадил аз шавқи рухат,
Як диле нест, ки з-ин восита афгори ту нест.
Нигаҳи масти ту тороҷ дили зорам кард,
Фитнаҳо нест, ки дар дидаи бедори ту нест.
Моҳи ман шуҳрати рӯят ба ҷаҳон шӯр афганд,
Чи ҳаводис, ки дар ин сафҳаи рухсори ту нест,
Волаи ҳусни ҷаҳонсӯзи ту хубони ҷаҳон,
Ку Азизе, ки дар ин Миср харидори ту нест.
Раста аз турбати Ямгӣ ба тамошои ту гул,
Чи тавон кард дар ин манзара осори ту нест.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Армуғони Бадахшон», тазкира, нахустин асари Шоҳ Абдуллоҳ аст, ки дар соли 1894 дар бораи шоирон Бадахшон нигошта шудаву дар се ҷилд ба нашр расидааст.
- «Фарҳанги уламо ва фуқаҳои Афғонистон», асари шиносномаии 324 тан аз риҷоли номвар, донишманд, фақеҳ, муҳаддис, ориф ва пешвои мазҳабӣ аст, ки аз замони имом Абуҳанифа то садаи ҳафтуми ҳиҷрии қамариро дар бар мегирад.
- «Таърихи Яфталиҳо», асаре таҳқиқи таърихӣ мебошад, ки даврони Имперотурии Яфтлиҳоро дар он барраси шудааст .
- «Қомуси забонҳои ориёии Афғонистон», фарҳанги луғоти забонҳои помирӣ, ки дар ду ҷилд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ شاه عبدالله بدخشی یمگی نویسنده کتاب ارمغان بدخشان(форсӣ). فروشگاه اینترنتی ایران کتاب. 13 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Армуғони Бадахшон / С. Ализода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- ↑ شاه عبداالله يمگى بدخشى(англ.). farsidari. 13 Январ 2024 санҷида шуд.