Jump to content

Шукрулло Ғаюров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шукрулло Ғаюров
Шукрулло Кароматуллоевич Ғаюров
Таърихи таваллуд 4 ноябр 1967(1967-11-04) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Шукрулло Кароматуллоевич Ғаюров (04.11.1967, н. Рӯдакӣ), доктори илми ҳуқуқ (2010), профессор (2014).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1990 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин хатм намуда, дар ҳамин ҷо фаъолият менамояд, вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адо намудааст. Баробари омӯзгорӣ ба корҳои таҳқиқотӣ пайваста шуғл меварзад, дар таҳияи «Ҳуқуқи молияи Тоҷикистон», «Ҳуқуқи гражданӣ», «Фарҳанги ҳуқуқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқула» ва ғайра иштирок доштааст. Ӯ шогирди Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Очилбой Усмонов буда ва рисолаҳои илмиашро дифоъ намудааст. Ҳамзамон бобати ҷиҳатҳои ҳуқуқии мушкилоти хусусигардонии корхонаҳо, ба танзим даровардани фаъолияти судҳои ҳакамӣ, танзими ҳуқуқии арбитражи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва ғайра беш аз ҳаштод асару мақола ба табъ расондааст.

Проблемы гражданско-правового регулирования акционирования государствен-ных предприятий в Республике Таджикистан. – Д., 1996; Основные проблемы приватизации предприятий: гражданско-правовой аспект. – Д., 1997; Гражданско-правовые проблемы акционирование. – Д., 1997; Информационные обязательства ликвидируемого юридического лица: Основные вопросы теории и практики. – Д., 1999;Ба танзимдарории фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон. – Д., 2004 (ҳаммуаллиф); Танзими ҳуқуқии арбитражи байналмилалӣ дар Тоҷикистон. – Д,, 2007; Личноеинформационное право граждан: проблемы гражданско-правового регулирования в Республике Таджикистан: Дисс… доктора юрид. наук. – М., 2010.[1]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 152.