Шуҳрат Ашуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шуҳрат Ашуров
Шӯҳрат Ашуров
Навъи фаъолият:

композитор

Санаи таваллуд:

1962(1962)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ҳамадонӣ

Табаият:

 Тоҷикистон

Санаи марг:

10 декабр 2016(2016-12-10)

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Мукофоту ҷоизаҳо:

Шӯҳрат Ашуров - композитор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ [1]

Зиндагинома[вироиш]

Шӯҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 1984 году Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 1984-1986 дар омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ш. Маскав таҳсил намудааст. Соли 1989 дар факултети сарояндагони хор дар Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо, сипас соли 1993 дар шӯъбаи назарияи композитсия таҳсилоташро давом додааст. Солҳои 1998ғ-2006 роҳбари Оркестри давлатии симфонии назди ҳукумати ш. Маскав буд. Соли 2006 ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон то вафоташ кор кардааст.[2]

Композитор Шӯҳрат Ашуров дар натиҷаи фоҷеа, садамаи нақлиёт, декабри соли 2016 вафот кардааст.[3]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Cомонаи театр
  2. Шухрат Ашуров стал новым председателем Союза композиторов
  3. Избран новый глава Союза композиторов Таджикистана