Шуҷоат Ҷалолиддинзода
Шуҷоат Асадуллозода | |
| |
Таърихи таваллуд: | 8 март 1986 (38 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2009 — то ҳол |
Шуҷоат Ҷалолиддинзода (Шуҷоат Ҷалолидинов; 8 марти 1986, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат Ҷалолиддинов 8 марти 1986 дар маркази ноҳияи Файзобод дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст[1].
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат Ҷалолиддинов ду бор издивоҷ кардаасту аз издивоҷи нахуст духтаре бо номи Нӯшофарин дорад[1]. Ӯ бори дувум, бо Насиба, маъмури толори намоиш ва ҳамкори кунуниаш издивоҷ кард ва аз он соҳиби ду духтар — Сафия ва Беназир ҳастанд[2].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат Ҷалолиддинов ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ[3] ва ҳамзамон омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мебошад[4].
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат дар беш аз 40 намоиши театрӣ нақшҳои бозидааст[5], ки нақши Кавсан дар намоиши «Кавсан»-и Ҷумъа Қудус аз ҷумлаи онҳост.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат дар 18 филм нақш офаридааст[2]. Ӯ ахиран дар силсилафилми мазҳакаи кӯтоҳи «Ишқ, пул, #Душанбе» нақши Қурбонро офарид[6].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҷоат Ҷалолиддинов сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши пизишк аз намоиши «Пизишки парон» дар Ҷашнвораи «Парасту-2017» гардидааст[7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Орзу Исо. Ногуфтаҳо бо Шуҷоъ Асадуллозода(тоҷ.). youtube.com. ORZU (20 феврали 2021).
- ↑ 2.0 2.1 Мубориз Усмонов. Imshab LIVE бо Шуҷоат Асадуллозода(тоҷ.). youtube.com. ИМШАБ Channel (20 Декабри 2020).
- ↑ Кормандони милитсия дар меҳмонии Театри Лоҳутӣ. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 24 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ Рӯзи ханда бо Қиёмиддин Чақалов(тоҷ.). 24 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Азобҳои кӯдакӣ Шуҷоатро барвақт мард кард(тоҷ.). Pressa.tj. 7 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Нурангез Рустамзода. “Ишқ, пул, #Душанбе: Силсилафилми халқии тоҷикӣ дар YouTube(тоҷ.). Хабарнигори муосир (10 октябри 2020). 24 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2020.
- ↑ М. Табарӣ. «Парасту-2017» – "Дирафши Ковиёнӣ" – соҳиби "шоҳҷоиза", Ҷумҳурият (24 май 2017).
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |