Шуҳрат Ашуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шӯҳрат Ашӯров)
Шуҳрат Ашуров
Шуҳрат Бердиевич Ашуров
Шуҳрат Бердиевич Ашуров
Шуҳрат Бердиевич Ашуров
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 6 июн 1962(1962-06-06)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ
Таърихи даргузашт 10 декабр 2016(2016-12-10) (54 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ҳамадонӣ
Пеша(ҳо) композитор

Шуҳрат Ашуров — оҳангсоз, узв ва Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2016).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шуҳрат Ашуров 18 июни соли 1962 дар ноҳияи Москва (ҳозира — Ҳамадонӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1984 факултаи маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо баҳои аъло хатм намудааст. Дар давраи таҳсил ба санъати навиштани асарҳои мусиқӣ мароқи калон зоҳир намуда, ба таври факултативӣ дар синфи композитсия аз Ёқуб Сабзанов ва Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим мегирад. Баъди хатми Донишкада барои коромӯзӣ ба Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский (1984—1986) ба синфи К. К. Баташов дохил мегардад. Дар Омӯзишгоҳ доираи васеи жанрҳо композитори ҷавонро шавқманд гардонданд. Дар байни асарҳои ин давра — асарҳои хори а’capella «Боғи мо» ба шеъри М.Турсунзода (дар тарҷумаи В.Виноградова) ва «Прощальный вальс» ба шеъри Л.Пятаков, асарҳои камеравӣ барои фортепиано, скрипка офаридаи ӯ ҷолиб буданд. Аз соли 1989 таҳсил дар факултаи дирижёрии хори Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, баъди хатми он Шӯҳрат Ашӯров ба шуъбаи назариявӣ-композитории ҳамин мактаби олӣ (1993) ба синфи профессор Н. И. Пейко, сипас — В. В. Пянков дохил мешавад.

Ҳангоми таҳсил дар Академия сабки инфиродии ӯ ташаккул меёбад. Шаҳодати ҷустуҷӯҳои фаъолонаи эҷодии композитор дар жанри камеравӣ эҷоди Квинтети фортепианоӣ (1990) ва Соната барои гобой ва фортепиано (1991) гардид. Солҳои 90-ум асарҳои нисбатан беҳтари Ш. Ашуров, аз ҷумла Квартети фортепианоӣ (1992) ва 4 романс ба рубоиёти Хайём (дар тарҷумаи В.Соколов) офарида шудаанд. Дар ҳамин солҳо Ш.Ашӯров инчунин сурудҳои халқиро барои овоз ва фортепиано такмил дода, якчанд сурудҳои хубро эҷод кардааст. Талош баҳри инъикоси рӯҳияи халқ композиторро ба эҷоди сюитаи чорқисма ҷалб кард (иҷрои аввал — 7 октябри соли 1997 дар толори консертии ба номи П. И. Чайковский). Дарстоварди бузурги Ш.Ашӯров дар солҳои 90-ум — эҷоди Консерт барои виолончел ва оркестри калони симфонӣ буд. Хушоҳангӣ,гуногунлаҳнӣ, ғановати тобишҳо, ивазшавии ин тобишҳо дар ин асар ба авҷи камолот расонда шудаанд. Соли 1998 Шӯҳрат Ашӯров барои «Рақси шарқӣ» барои думбра ва созҳои халқии русӣ ба унвони фахрии дорандаи ҷоизаи фестивали байналмилалии «Мир друзей Москвы» мушарраф гардид. Ин асар тамошобинонро бо синтези Шарқ ва Ғарб ҷалб намуд, ки дар он оҳанги тоҷикиро ба тарзи романси русӣ оркестри созҳои халқӣ таҳри роҳбарии Ҳунарманди Халқии Россия профессор Н. Н. Калинин иҷро намуд. Ш.Ашӯров дар баробари навиштан ба фаъолияти омӯзгорӣ низ бомуваффақият машғул мегардад. Масалан, солҳои 1992—1995 вай дар кафедраи дирижёрии хор дар Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва (ҳоло МГУКИ) ва соли 1996 хониши партитураҳои симфонии Коллеҷи мусиқии ба номи Алфред Шнитке таълим медиҳад. Композитор Ш.Ашӯров дорои қобилияти хуби ташкилотчигӣ мебошад. Ин махсусан дар солҳои 1998—2006, ҳангоме ки вай ба ҳайси директори Оркестри давлатии симфонии Москваи назди Ҳукумати Москва фаъолият менамуд, зоҳир гардид. Дар ин давра Ашуров аввалин маротиба ба жанри мусиқӣ барои театр рӯ меоварад. Ӯ дар ҳамкорӣ бо Театри ҷавонони Перм мусиқӣ ба пйесаи В.Каустанас «Мираж»-ро менависад. Соли 2006 Ашуров ба Ватан — Тоҷикистон бармегардад. Баъди бозгашт вай ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул гардид. Солҳои 2009 −2011 муовини аввали раиси Иттифоқи композиторон буд. Аз соли 2016 раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буд. Шуҳрат Ашуров дар натиҷаи фоҷеа, садамаи нақлиёт, декабри соли 2016 вафот кардааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодиёти нависандагии ӯ низ бомуваффақият идома меёбад. Ӯро кайҳо боз эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ вай бо рӯҳбаландӣ барои эҷоди мусиқӣ ба филми Нурулло Собир «Давлати Ҷалоли ишқ» (2008) шурӯъ менамояд. Эҷодиёти камеравӣ-созии композитор пайдарҳам бо асарҳои нав мукаммал мегардад. Ин Фантазия барои фортепиано ва оркестри камеравӣ (2008), Элегия барои виолончел ва фортепиано (2009), Пйесаи консертӣ барои рубоб ва фортепиано (2010) мебошанд. Ҳамзамон ӯ Кантатаи «Эй Ватан» ба шеъри Н.Яздон (2010) барои сароянда, хор ва оркестри симфониро менависад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои барои хор[вироиш | вироиши манбаъ]

1981 — «Суруди сулҳ», шеъри М. Турсунзода. 1982 — «Садои кӯҳсор», шеъри Лоиқ Шералӣ. 1983 — «Гул кун, ба боғи мо, Ватан!», шеъри М. Турсунзода. 1984 — «Боғи мо», шеъри М. Турсунзода. 1985 — «Шеъри Наврӯзӣ», шеъри М. Турсунзода. 2010 — Кантатаи «Эй, Ватан!», шеъри Н. Яздон, барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ.

Асарҳои камеравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1981 — Пйеса барои рубоб ва фортепиано.
  • 1983 — 8 пйеса барои фортепиано.
  • 1986 — Се пйеса барои квартети торӣ.
  • 1989 — Квартети торӣ.
  • 1990 — Квинтети фортепианӣ (фортепиано, флейта, скрипка, алт ва виолончел).
  • 1991 — Соната барои гобой ва фортепиано.
  • 1992 — Соната барои скрипка ва фортепиано.
  • 1993 — Квартети фортепианӣ (фортепиано, скрипка, алт ва виолончел).
  • 2008 — Фантазия барои фортепиано ва оркестри камеравӣ.
  • 2009 — Элегия барои виолончел ва фортепиано.
  • 2010 — Пйесаи консертӣ барои рубоб ва фортепиано.

Сурудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1994 — Чор романс ба рубоиёти Умари Хайём.
  • 1995 — «Тоҷикистони ман», шеъри М.Киселёва.

Асарҳои симфонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқӣ барои театр ва синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2008 — «Давлати Ҷалоли ишқ». Тоҷикфилм. Режиссёр Нурулло Собир.
  • 2002 — «Мираж». Пйеса В. Каустнас. Режиссёр Андрей Салей.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Избран новый глава Союза композиторов Таджикистана. 29 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 марти 2019.
  2. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон: Маълумотнома. — Душанбе,2011. — С.28-30. — 288 с. ISBN 978-99947-748-3-8(тоҷ.)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б. Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 44-45 — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)